Шерхон Салимзода роҳбари АНМН таъин шуд

Бо фармони президенти Тоҷикистон аз 2 феврали соли равон бинобар сабаби ба кори дигар гузаштан роҳбари Агентии назорати маводи нашъаовари назди президент (АНМН)-и ҷумҳурӣ генерал-лейтенанти милитсия Рустам Назарзода, ки аз соли 1999 ин сохторро роҳбарӣ мекард, аз вазифааш озод карда шуд. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ дар ин робита иттилоъ дод, генерал […]


Бо фармони президенти Тоҷикистон аз 2 феврали соли равон бинобар сабаби ба кори дигар гузаштан роҳбари Агентии назорати маводи нашъаовари назди президент (АНМН)-и ҷумҳурӣ генерал-лейтенанти милитсия Рустам Назарзода, ки аз соли 1999 ин сохторро роҳбарӣ мекард, аз вазифааш озод карда шуд.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ дар ин робита иттилоъ дод, генерал Назарзодаро дар Агентии назорати маводи нашъаовар собиқ прокурори генералии ҷумҳурӣ Шерхон Салимзода иваз мекунад, ки аз моҳи марти соли гузашта раҳбарии Федератсияи иитифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистонро ба уҳда гирифта буд.

Бо қарори ҳукумати ҷумҳурӣ, Рустам Назарзода раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди ҳукумати ҷумҳурӣ таъин шудааст.

То ин замон Кумитаи мазкурро Хайриддин Абдураҳимов роҳбарӣ мекард, ки ба ҷойи генерал-полковник Саидамир Зуҳуров сардори Сарраёсати ҳифзи сирри давлатии назди ҳукумати ҶТ таъин шудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.