Мушовир: Дар таъини духтари президент ба вазифаи раиси дастгоҳ қонун риоя шуд

Зимни нишасти хабарӣ дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон мушовири ёвари президент оид ба масоили ҳуқуқӣ Содиқ Шоҳназаров изҳор дошт, ки бо таъини духтараш Раҳмон Озода Эмомалӣ ба вазифаи раиси дастгоҳи президент, сарвари давлат ба нақзи меъёрҳои қонунгузории зиддикоррупсионӣ, ки кор таҳти раҳбарии хешони наздикро манъ мекунад, роҳ надодааст. Ба гуфтаи […]



Зимни нишасти хабарӣ дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон мушовири ёвари президент оид ба масоили ҳуқуқӣ Содиқ Шоҳназаров изҳор дошт, ки бо таъини духтараш Раҳмон Озода Эмомалӣ ба вазифаи раиси дастгоҳи президент, сарвари давлат ба нақзи меъёрҳои қонунгузории зиддикоррупсионӣ, ки кор таҳти раҳбарии хешони наздикро манъ мекунад, роҳ надодааст.

Ба гуфтаи ӯ, дастгоҳи иҷроияи президент, ки чанде қабл раҳбарии он ба дӯши Раҳмон Озода Эмомалӣ вогузор гардид, ба ташкили корҳои тадорукотиву омодагӣ ва баргузор намудани чорабиниҳои ҳукумати ҷумҳурӣ масъул аст.

«Мувофиқи меъёрҳои муқаррарот дар бораи дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон, Раҳмон Озода Эмомалӣ бевосита таҳти роҳбарии нахуствазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода кор мекунад», – таъкид дошт С.Шоҳназаров.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.