Миёни фавтидагон дар сӯхтори Маскав шаҳрвандони Тоҷикистон ҳузур надоранд

Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия оид ба муҳоҷират иттилоъ медиҳад, ки миёни фавтидагон дар сӯхтори шаби 30 январ дар яке аз коргоҳҳои дӯзандагии шаҳри Маскав шаҳрвандони Тоҷикистон ҳузур надоранд. Сухангӯи намояндагии мақомоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия Иброҳим Аҳмадов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки дарҳол пас аз расидани […]



Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия оид ба муҳоҷират иттилоъ медиҳад, ки миёни фавтидагон дар сӯхтори шаби 30 январ дар яке аз коргоҳҳои дӯзандагии шаҳри Маскав шаҳрвандони Тоҷикистон ҳузур надоранд.

Сухангӯи намояндагии мақомоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия Иброҳим Аҳмадов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки дарҳол пас аз расидани хабари ҳалокати муҳоҷирони корӣ, кормандони намояндагӣ ба ҷойи ҳодиса рафта, маълум шудааст, ки дар коргоҳи сӯхташуда шаҳрвандони Қирғизистон ва Ӯзбекистон кор мекардаанд.

Ёдрас мекунем, ки тибқи маълумоти пешакӣ, дар ҳодисаи сӯхтор дар яке аз коргоҳҳои дӯзандагии шаҳри Маскав 12 нафар шаҳрвандон, аз ҷумла 8 шаҳрванди Қирғизистон бо шумули 1 ноболиғ, 2 шаҳрванди Русия ва 2 шаҳрванди Ӯзбекистон ба ҳалокат расиданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.