Ифтитоҳи боз як Маркази бузурги бисёрсоҳавӣ барои муҳоҷирон дар Маскав

Дар пойтахти Русия – шаҳри Маскав боз як Маркази бузурги бисёрсоҳавӣ барои муҳоҷирон боз шуд, ки дар наздикии деҳаи Сахарово воқеъ буда, метавонад ҳамарӯза ба 7 ҳазору 500 нафар муҳоҷирон дар таҳияи асноди зарурӣ барои оғози фаъолияти кориашон хизматгузории лозим анҷом бидиҳад. Дар маросими ифтитоҳи марказ раиси шаҳри Маскав Сергей Собянин, роҳбари Хадамоти федералии муҳоҷирати […]



Дар пойтахти Русия – шаҳри Маскав боз як Маркази бузурги бисёрсоҳавӣ барои муҳоҷирон боз шуд, ки дар наздикии деҳаи Сахарово воқеъ буда, метавонад ҳамарӯза ба 7 ҳазору 500 нафар муҳоҷирон дар таҳияи асноди зарурӣ барои оғози фаъолияти кориашон хизматгузории лозим анҷом бидиҳад.

Дар маросими ифтитоҳи марказ раиси шаҳри Маскав Сергей Собянин, роҳбари Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия Константин Ромодановский, роҳбари маракз Николай Федосеев ва ҳамчунин роҳбари намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия оид ба муҳоҷират Зоҳир Мирзоев иштирок карданд.

Дар ин марказ шаҳрванди хориҷӣ бо усули «равзанаи ягона» ҳамаи ҳуҷчатҳои зарурӣ барои гирифтани патентро таҳия карда метавонад. Дар марказ барои қабул ва хизматгузорӣ ба корафтодагон шароитҳои муосид фароҳам оварда шудаанд.

Барои гирифтани патент ба муҳоҷир танҳо доштани шиноснома ва корти муҳоҷират бо зикри вуруд бо мақсади «кор» кифоя аст. Маблағи хароҷот барои гирифтани патент бо назардошти андоз барои як моҳи аввал 14 ҳазору 200 рублро ташкил медиҳад. Полиси суғуртаи ихтиёрии тиббӣ – 2900 рубл ва аз тест гузаштан – 500 рубл нарх дораанд. Қобили зикр аст, ки гирифтани сертифкат дар ин марказ арзонтарин дар Русия мебошад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.