Ширкати миллии ҳавопаймоии Тоҷикистон «Тоҷик Эйр» Вазорати нақлиёти ҷумҳуриро дар роҳ додан ба иштибоҳҳо айбдор медонад, ки дар натиҷаи он ба ширкати ҳавопаймоӣ якуним миллион сомонӣ зиёни молӣ расонида шудааст.
Вазири нақлиёти ҶТ Шералӣ Ганҷалзода имрӯз ба рӯзноманигорон дар ин робита иттилоъ дод, ки ахири соли гузашта Рустам Холиқов, он замон роҳбари «Ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистон», ки Тоҷик Эйр» ва Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе ба сохтораш дохил шуда буданд, бо ариза ба прокуратура муроҷиат кардааст.
«Дар ариза зикр шудааст, ки сардори Раёсати авиатсияи граждании Вазорати нақлиёти ҶТ Юсуф Раҳмонов ба хатогиҳо роҳ додаааст, ки дар натиҷа ба «Тоҷик Эйр» дар ҳаҷми ҳудуди 1,5 млн. сомонӣ зиёни молӣ расидааст», – иброз дошт вазир.
Ш.Ганҷалзода таъкид дошт ки мувофиқи қонунгузорӣ, прокуратура ҳамаи ҳуҷчатҳои дахлдорро талаб намуд, ки ба онҳо пешниҳод гардид.
Дар шарҳи ин масъала вазир изҳор намуд, ки ҳангоми муроҷиати роҳбари «Тоҷик Эйр» ба мақомоти прокуратура айбдоршаванда Раҳмонов дар хориҷи кишвар дар сафари хидматӣ қарор дошт. «Баъди омаданаш ӯ бозпурсӣ шуда, тамоми ҳуҷчатҳои молиявӣ санҷида шуданд», – гуфт номбурда.
Зимнан зикр гардид, ки рӯзҳои наздик оид ба аризаи «Тоҷик Эйр» дар мавриди ин масъала қарори прокуратура қабул хоҳад шуд. «Баростӣ, ин гуна санҷишҳо танҳо ба нафъи мо мебошанд, зеро аз ҷониби худ ҳеҷ гуноҳеро эҳсос намекунем», – афзуд вазир.
Ёдрас мекунем, ки
чанде қабл
ҳукумати Тоҷикистон Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистон»-ро, ки «Тоҷик Эйр» ва Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе ба сохтораш дохил шуда буданд, боз ҷудо карда, онҳоро алоҳида ба номгӯи корхонаҳои Вазорати нақлиёт дохил кард. ҶСК «Ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистон» ҳамагӣ каме бештар аз ним сол арзи ҳастӣ кард.
Холиқов Рустам аз мансаби директори генералии ҶСК «Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе» ва директори генералии ҶСК «Тоҷик Эйр» барканор гардид.
Бо қарорҳои ҳукумат Раҳимов Хайрулло Зубайдуллоевич директори нави генералии ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» ва Абдуллозода Исматулло Файзулло директори генералии ҶСК «Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе» таъин шуданд.





