«Тоҷик Эйр» Вазорати нақлиётро дар зиёни молӣ айбдор медонад

Ширкати миллии ҳавопаймоии Тоҷикистон «Тоҷик Эйр» Вазорати нақлиёти ҷумҳуриро дар роҳ додан ба иштибоҳҳо айбдор медонад, ки дар натиҷаи он ба ширкати ҳавопаймоӣ якуним миллион сомонӣ зиёни молӣ расонида шудааст. Вазири нақлиёти ҶТ Шералӣ Ганҷалзода имрӯз ба рӯзноманигорон дар ин робита иттилоъ дод, ки ахири соли гузашта Рустам Холиқов, он замон роҳбари «Ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистон», […]



Ширкати миллии ҳавопаймоии Тоҷикистон «Тоҷик Эйр» Вазорати нақлиёти ҷумҳуриро дар роҳ додан ба иштибоҳҳо айбдор медонад, ки дар натиҷаи он ба ширкати ҳавопаймоӣ якуним миллион сомонӣ зиёни молӣ расонида шудааст.

Вазири нақлиёти ҶТ Шералӣ Ганҷалзода имрӯз ба рӯзноманигорон дар ин робита иттилоъ дод, ки ахири соли гузашта Рустам Холиқов, он замон роҳбари «Ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистон», ки Тоҷик Эйр» ва Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе ба сохтораш дохил шуда буданд, бо ариза ба прокуратура муроҷиат кардааст.

«Дар ариза зикр шудааст, ки сардори Раёсати авиатсияи граждании Вазорати нақлиёти ҶТ Юсуф Раҳмонов ба хатогиҳо роҳ додаааст, ки дар натиҷа ба «Тоҷик Эйр» дар ҳаҷми ҳудуди 1,5 млн. сомонӣ зиёни молӣ расидааст», – иброз дошт вазир.

Ш.Ганҷалзода таъкид дошт ки мувофиқи қонунгузорӣ, прокуратура ҳамаи ҳуҷчатҳои дахлдорро талаб намуд, ки ба онҳо пешниҳод гардид.

Дар шарҳи ин масъала вазир изҳор намуд, ки ҳангоми муроҷиати роҳбари «Тоҷик Эйр» ба мақомоти прокуратура айбдоршаванда Раҳмонов дар хориҷи кишвар дар сафари хидматӣ қарор дошт. «Баъди омаданаш ӯ бозпурсӣ шуда, тамоми ҳуҷчатҳои молиявӣ санҷида шуданд», – гуфт номбурда.

Зимнан зикр гардид, ки рӯзҳои наздик оид ба аризаи «Тоҷик Эйр» дар мавриди ин масъала қарори прокуратура қабул хоҳад шуд. «Баростӣ, ин гуна санҷишҳо танҳо ба нафъи мо мебошанд, зеро аз ҷониби худ ҳеҷ гуноҳеро эҳсос намекунем», – афзуд вазир.

Ёдрас мекунем, ки 

чанде қабл

ҳукумати Тоҷикистон Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистон»-ро, ки «Тоҷик Эйр» ва Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе ба сохтораш дохил шуда буданд, боз ҷудо карда, онҳоро алоҳида ба номгӯи корхонаҳои Вазорати нақлиёт дохил кард. ҶСК «Ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистон» ҳамагӣ каме бештар аз ним сол арзи ҳастӣ кард.

Холиқов Рустам аз мансаби директори генералии ҶСК «Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе» ва директори генералии ҶСК «Тоҷик Эйр» барканор гардид.

Бо қарорҳои ҳукумат Раҳимов Хайрулло Зубайдуллоевич директори нави генералии ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» ва Абдуллозода Исматулло Файзулло директори генералии ҶСК «Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе» таъин шуданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.