Ба журналистон консепсияи муомилот бо гарави дороиҳои манқулро шарҳ доданд



Дар вохӯрии намояндагони гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ бо намояндагони васоити ахбори умум масоили беҳбуди маблағгузорӣ ба тиҷорати хурду миёна бо гарави амволи манқул баррасӣ шуданд.

Мутахассисон ба журналистон консепсияи муомилот бо таъмини дороиҳои манқул, таҷрибаи андӯхта дар маблағгузорӣ ба тиҷорати хурду миёна бо таъмини амволи манқул дар кишварҳои хориҷӣ ва ҳамчунин нақши рӯйхатҳои муосири гаравӣ дар низоми муомилот бо таъминотро шарҳ доданд.

Ғайр аз ин, атрофи масъалаҳои ислоҳоти низоми муомилот бо таъминот, ҳамчунин имконот ва дурнамои маблағгузорӣ ба тиҷорати хурду миёна табодули назари судманд  сурат гирифт.

Вохӯрӣ бо коршиноси Бонки ҷаҳонӣ Мурод Султонов ба журналистон дар огаҳии беҳтар пайдо намудан бо консепсияи маблағгузорӣ бо таъминоти дороиҳои манқул ва то чӣ андоза муҳим будани он барои Тоҷикистон кумак кард.

Вохӯрӣ журналистонро ба инъикоси бештар ҳирфаии ислоҳоти низоми муомилот бо таъминот, ки ба тиҷорати хурду миёна барои истифодаи дороиҳои манқули мавҷуда ба сифати таъминот ва дастрасӣ ба маблағгузорӣ барои тавсеъаи тиҷорат имкон медиҳад, омода намуд. 

spot_imgspot_img

Популярное