Ҳукумат лоиҳаи нави Стратегияи миллии рушдро баррасӣ дорад

Лоиҳаи нави Стратегияи милли рушди Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 таҳия ва мавриди баррасии ҳукумати ҷумҳурӣ қарор дорад. Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода ба рӯзноманигорон дар ин робита изҳор дошт, ки ҷараёни таҳияи лоиҳаи мазкур ба итмом расида, ба ҳукумати кишвар пешниҳод шудааст. «Лоиҳа бо назардошти тағйироти глобалии имрӯза дар ҷаҳон […]

ASIA-Plus



Лоиҳаи нави Стратегияи милли рушди Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 таҳия ва мавриди баррасии ҳукумати ҷумҳурӣ қарор дорад.

Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода ба рӯзноманигорон дар ин робита изҳор дошт, ки ҷараёни таҳияи лоиҳаи мазкур ба итмом расида, ба ҳукумати кишвар пешниҳод шудааст. «Лоиҳа бо назардошти тағйироти глобалии имрӯза дар ҷаҳон омода шудааст», – гуфт ӯ.

Дар идома ҳамчунин қайд шуд, ки зимни таҳияи ин санад тамоми омилҳои берунаи таъсиррасон ба иқтисоди ҷумҳурӣ низ ба инобат гирифта шудаанд.

«Дар стратегия ҳамаи хавфу хатарҳо ба иқтисоди кишвар, қабл аз ҳама беруна ба назар гирифта шудаанд. Лоиҳа бо назардошти омилҳое, ки мо метавонем онҳоро барои таъмини рушди устувори кишвар истифода барем, таҳия шудааст», – афзуд вазир.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.