Кумаки Ҷопон ба Маркази солимии №10-и пойтахт



Имрӯз, 4-уми феврали соли 2016 хонум Тиэ ТАМУРА – муовини роҳбари ҳайати Сафорати Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маросими анҷом ёфтани «Лоиҳаи дастрас намудани таҷҳизоти тиббӣ ба Маркази саломатии №10-и шаҳри Душанбе» ширкат варзид.

Тавре аз сафорати Ҷопон дар ҶТ иттилоъ доданд, маросим бо мақсади бомуваффақ иҷро шудани лоиҳае, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷопон дар доираи “Барномаи кӯмакҳои бебозгашт барои бахши аъзами аҳолӣ ва амнияти башарӣ (GGP)” маблаггузорӣ гардид, гузаронида шуд.

Дар ин маросим, Сабзалӣ Муродов – роҳбари Маркази саломатии №10 ва инчунин вазири Раёсати тандурустии шаҳр – Бобохон Исматович ширкат варзиданд.

Барои тадбиқи лоиҳа, маблаги 99,882 доллари ИМА ба Маркази саломатии №10-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ҷудо карда шуд. Азбаски Маркази саломатӣ дар маркази пойтахт воқеъ аст, беш аз 78,000 сокинон аз хизматрасонихои тандурустӣ он истифода мебаранд. Баъзе беморон ҳатто бурун аз ноҳияи Сино омада онҷо табобат мегиранд.

Қабл аз татбиқи лоиҳа Маркази саломатии №10 ба таҷҳизоти лозимии тиббӣ ниёз дошт, ки аксари он таҷҳизот беш аз 30 сол истифода шуда, фарсуда гаштанд. Бомуваффақона анҷом ёфтани лоиҳа, Маркази саломатии №10 бо таҷҳизоти зарурии тиббӣ, аз ҷумла фиброгастроскоп, шуоъзании ултрабунафш, анализатори биохимиявӣ, мизи ҷарроҳӣ ва ҳоказо муҷаҳҳаз гардонида шуд.

Зимни суханронии худ дар маросими тақдим хонум Tамура қайд намуд, ки лоиҳаҳои бахши аъзами аҳолӣ нишонаи дӯстӣ ва ҳамкорӣ миёни мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мардуми Ҷопон аст. Оғои Сабзалӣ Муродов бошад миннатдории худро барои фароҳам сохтани муҳити хуб барои беморон ва кормандони беморхона изҳор намуд.

Ҳукумати Ҷопон тасмим гирифтааст, ки дар оянда низ дар ҳамкорӣ бо мардуми Тоҷикистон баҳри бунёд сохтани ҷомеаи беҳтар кӯмаки хешро идома медиҳад.

Кӯмакҳои бебозгашт барои бахши аъзами аҳолӣ ва амнияти башарӣ (GGP) тарҳи Барномаи расмии Ҷопон оид ба рушд мебошад. Алалхусус, лоиҳаҳои кӯмакҳои бебозгашт барои бахши аъзами аҳолӣ ва амнияти башарӣ барои дастгирӣ намудани соҳаҳои мухталифи бахши аъзами аҳолӣ дар сартосари Ҷумҳурии Тоҷикистон равона шуда ба ҳокимиятҳои маҳаллӣ, соҳаҳои маориф ва тандурустӣ, ҳамчунин ба созмонҳои ғайридавлатӣ расонида мешавад.

Аз соли 1996 то инҷониб, кӯмакҳои бебозгашт барои бахши аъзами аҳолӣ ва амнияти башарӣ 346 лоиҳаро ба маблағи умумии $28 миллион доллари ИМА дар Тоҷикистон амалӣ намудааст.

spot_imgspot_img

Популярное