Тоҷикистон то ҳол масъалаи узвият ба ИИАО-ро меомӯзад

Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода зимни нишасти хабарии имрӯза изҳор дошт, ки ҷараёни омӯзиши масъалаи узвияти Тоҷикистон ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) то ҳол идома дорад. «Аз ҷониби гурӯҳи кории байниидоравӣ дар ин самт корҳои ҷиддӣ ҷараён доранд, ки таҳлили ҳамаҷонибаи масъаларо тақозо мекунанд ва ҳанӯз аз натиҷаҳои он сухан гуфтан барвақт […]

Пайрав Чоршанбиев



Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода зимни нишасти хабарии имрӯза изҳор дошт, ки ҷараёни омӯзиши масъалаи узвияти Тоҷикистон ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) то ҳол идома дорад.

«Аз ҷониби гурӯҳи кории байниидоравӣ дар ин самт корҳои ҷиддӣ ҷараён доранд, ки таҳлили ҳамаҷонибаи масъаларо тақозо мекунанд ва ҳанӯз аз натиҷаҳои он сухан гуфтан барвақт аст, зеро ин корҳо ҳол ба итмом нарасидаанд», – зикр кард вазир

Дар робита ба мавқеи Тоҷикистон оид ба узвият ба ин Иттиҳод муовини аввали вазири рушди иқтисод ва савдои ҶТ Саидраҳмон Назриев қайд кард, ки «албатта, Тоҷикистон низ аз ҳамкориҳои ҷаҳонӣ ва минтақавӣ дар канор буда наметавонад».

«Аммо, – идома дод ӯ. – Қабл аз пайвастан ба чунин иттиҳодҳо, мо бояд ҳамаи паҳлӯҳои онро омӯзем: мо аз он чӣ ба даст оварда метавонему чиро талаф медиҳем».

Назриев ҳамчунин илова кард, ки барои муайян кардани мавқеи худ дар ин масъала Тоҷикистон бояд онро «ҳамаҷонибаву амиқ таҳлил кунад».

Қобили зикр аст, ки кишварҳои Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Русия аъзои ИИАО мебошанд. Санаи 21 майи соли гузашта Қирғизистон ба узвияти он пазируфта шуда, санаи 25 май Ветнам ба минтақаи савдои озод бо кишварҳои ин Иттиҳод ҳамроҳ шуд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.