Амалҳои Русия дар Сурияро Тоҷикистон мусбат арзёбӣ мекунад

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов зимни нишасти хабарии имрӯза ба рӯзноманигорон изҳор дошт, ки маъракаи зиддитеррористӣ, ки Русия дар қаламрави Сурия роҳандозӣ кардааст, қатъиян дар доираи ҳуқуқҳои байнулмилалӣ ва бо даъвати ҳукумати расмии ин кишвар амалӣ мешавад. Ба гуфтаи ӯ, амалҳои Русия дар Сурияро Тоҷикистон мусбат арзёбӣ мекунад ва бар ин назар аст, ки […]

Аваз Юлдошев



Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов зимни нишасти хабарии имрӯза ба рӯзноманигорон изҳор дошт, ки маъракаи зиддитеррористӣ, ки Русия дар қаламрави Сурия роҳандозӣ кардааст, қатъиян дар доираи ҳуқуқҳои байнулмилалӣ ва бо даъвати ҳукумати расмии ин кишвар амалӣ мешавад.

Ба гуфтаи ӯ, амалҳои Русия дар Сурияро Тоҷикистон мусбат арзёбӣ мекунад ва бар ин назар аст, ки нақши Русия дар ҳалли мушкилоти Сурия хеле бузург аст. «Русия ба сифати узви доимии Шӯрои амнияти СММ дар Сурия ҳамчун ҳомии сулҳ амал мекунад», – иброз дошт Сироҷиддин Аслов.

Дар идома вазир таъкид дошт, ки ба муносибатҳои стратегӣ бо Русия Душанбе баҳои баланд медиҳад. «Русия чандин маротиба изҳор дошт, ки амнияти Тоҷикистон ва дар маҷмӯъ минтақаи Осиёи Марказӣ амнияти ӯ низ мебошад», – афзуд ӯ.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.