Дар ҷаласаи навбатии имрӯзаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ лоиҳаи қонуни аз ҷониби ҳукумат таҳияшуда «Дар бораи сармоягузориҳо» баррасӣ мешавад.
Тавре котиби матбуотии палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Муҳаммадато Султонов иттилоъ дод, дар ҷаласаи Шӯро ҳамчунин баррасии тағйироту иловаҳо ба Кодекси гумрук, ба Кодекси мурофиавии ҷиноятӣ, ба Кодекси ҷиноятӣ ва ба Кодекс дар бораи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ низ дар назар аст.
Дар бораи ворид кардани маҳз чӣ гуна тағйироту иловаҳо ба кодексҳои ҷумҳурӣ Султонов маълумоти саҳеҳ пешниҳод накард.





