КДАМ: Қочоқи маводи мухаддир ба Ӯзбекистон пешгирӣ шуд

Дар натиҷаи гузаронидани амалиёти фаврӣ-ҷустуҷўӣ аз тарафи кормандони КДАМ дар вилояти Суғд аз манзили истиқоматии сокини ноҳияи Панҷакент «Т.У.» 9,5 кило маводи мухаддири навъи «ҳашиш» дарёфт ва мусодира гардид. Дар ин бора аз Маркази робитаҳои ҷамъиятии КДАМ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дода, қайд карда шудааст, ки: «сокини н.Панҷакент «Т.У» тибқи маслиҳати пешакӣ бо шаҳрвандон «Б.А.К» […]

ASIA-Plus



Дар натиҷаи гузаронидани амалиёти фаврӣ-ҷустуҷўӣ аз тарафи кормандони КДАМ дар вилояти Суғд аз манзили истиқоматии сокини ноҳияи Панҷакент «Т.У.» 9,5 кило маводи мухаддири навъи «ҳашиш» дарёфт ва мусодира гардид.

Дар ин бора аз Маркази робитаҳои ҷамъиятии КДАМ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дода, қайд карда шудааст, ки: «сокини н.Панҷакент «Т.У» тибқи маслиҳати пешакӣ бо шаҳрвандон «Б.А.К» ва «Б.Ғ.Р» — сокинони ҷамоати Саразми ноҳияи Панҷакент ба ивази маблағи муайян ин миқдор маводи мухаддирро тавассути деҳаи Чепӣ, н. Ургути Ҷумҳурии Ўзбекистон ба қоҷокчиёни ин кишвар бояд месупориданд».

Гуфта мешавад, дар натиҷаи амалӣ кардани чорабинии махсуси фаврӣ пеши роҳи ин ҷинояти вазнин гирифта шуд. Ҳоло нисбат ба шаҳрвандон «Б.Ф», «Б.Ғ» ва «Т.У» бо дастрасии моддаҳои 32, 289 ва 200 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтишоти пешакӣ идома дорад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.