Эрдуғон Путинро ба истилои Сурия гунаҳкор кард

Президенти Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон изҳор доштааст, ки дар Сурия Анқара набояд такроран ба хатогие роҳ диҳад, ки замоне пешниҳоди ИМА ҷиҳати узвият ба эътилоф барои сарнагун сохтани ҳокимияти Саддом Ҳусейнро рад карда буд. Дар ин бора РБК бо истинод ба Bloomberg хабар медиҳад. «Мо намехоҳем, ки чун дар Ироқ дар Сурия ҳам ба ҳамон […]

ASIA-Plus



Президенти Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон изҳор доштааст, ки дар Сурия Анқара набояд такроран ба хатогие роҳ диҳад, ки замоне пешниҳоди ИМА ҷиҳати узвият ба эътилоф барои сарнагун сохтани ҳокимияти Саддом Ҳусейнро рад карда буд. Дар ин бора РБК бо истинод ба Bloomberg хабар медиҳад.

«Мо намехоҳем, ки чун дар Ироқ дар Сурия ҳам ба ҳамон иштибоҳи роҳ диҳем. Уфуқро дидан зарур аст. Рӯйдодҳое, ки дар Сурия ҷараён доранд, то лаҳзаи муайяне мегузаранд. Дар кадоме аз онҳо ин бояд тағйир ёбад», – гуфтааст ӯ.

Ба гуфтаи Эрдуғон, нерӯҳои низомии Туркия «ба ҳама гуна вазъи имконпазир» дар Сурия омодаанд. Зимни посух ба савол дар бораи имкони амалиёти заминии артиши Туркия дар Сурия, ӯ қайд кардааст, ки «дар ин бора сухан гуфтан лозим нест», вале илова намудааст, ки «вақте зарур аст, кореро анҷом медиҳӣ, ки лозим аст».

Ӯ ҳамчунин масъалаи ҳуҷум ба Алеппоро шарҳ додааст. Bloomberg зикр мекунад, ки дар ҳуҷум ба Алеппо нерӯҳои низомии кайҳонии Русия ба артиши Сурия кумак мекунанд. «Шумо дар Сурия ба чӣ кор машғулед? Аслан Шумо истилогаред», – гуфтааст Эрдуғон зимни муроҷиат ба президенти Русия Владимир Путин.

Қаблан президенти Туркия аз ташрифи дипломати воломақоми амрикоӣ аз шаҳри Кубонии Сурия, ки таҳти назорати мусаллаҳони курд қарор дорад,

изҳори нороҳатӣ карда буд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.