Боздошти дастаи ғоратгарон аз Тоҷикистон дар вилояти Маскав

Дар ноҳияи Люберетски вилояти Маскав барои содир кардани ҷинояти вазнин – ғорати сокини маҳаллӣ зодагони Тоҷикистонро боздошт намуданд. Бино ба иттилои Сарраёсати ВКД Русия дар вилояти Маскав, ба шуъбаи навбатдории пулиси ин ноҳия сокини маҳаллӣ муроҷиат намуда, изҳор мекунад, ки тақрибани соати 21-00 назди яке аз хонаҳо шахсони номаълум ӯро лату кӯб карда, ҳамёнашро дуздидаанд […]

ASIA-Plus



Дар ноҳияи Люберетски вилояти Маскав барои содир кардани ҷинояти вазнин – ғорати сокини маҳаллӣ зодагони Тоҷикистонро боздошт намуданд.

Бино ба иттилои

Сарраёсати ВКД Русия дар вилояти Маскав,

ба шуъбаи навбатдории пулиси ин ноҳия сокини маҳаллӣ муроҷиат намуда, изҳор мекунад, ки тақрибани соати 21-00 назди яке аз хонаҳо шахсони номаълум ӯро лату кӯб карда, ҳамёнашро дуздидаанд ва маблағи зиёни молӣ беш аз 24 ҳазор рублро ташкил додааст.

Дар ҷараёни баргузории амалиёти фаврӣ-ҷустуҷӯи ба гумони даст доштан дар содир намудани ин ҷиноят кормандони пулис чор нафар зодагони Тоҷикистон, синнашон аз 22 то 24-соларо боздошт кардаанд.

Гуфта мешавад, аз рӯи ин далел мутобиқи моддаи 161-и Кодекси ҷиноии Русия (ғоратгарӣ аз ҷониби гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ) парвандаи ҷиноӣ боз шуда, дар ин модда то 7 соли зиндон ҷазо пешбинӣ шудааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.