Президент муҳлати ҳабси журналисти «Фараж»-ро кам кард



Бо фармони президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳукми як соли зиндони журналисти хабаргузории «Фараж» Аминҷон Гулмуродзода кам карда шуд.

Адвокати маҳкумшуда Хусрав Айбов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки рӯзи 2 феврал ба ӯ аз полковники милитсия Ҳалимзода нома расида, дар он гуфта шудааст, ки президент дар бораи авфи 1 соли муҳлати зиндони зерҳимояи ӯ фармон содир кардааст. «Ҳамин тариқ, рӯзноманигор акнун на моҳи августи соли 2017, балки моҳи августи соли 2016 ба озодӣ мебарояд», – гуфт адвокат.

Номбурда зикр кард, ки айни замон онҳо барои барқарор кардани мақоми шаҳрвандии рӯзноманигор ҳуҷҷатҳо гирдоварӣ карда истодаанд. «Пас аз ин нисбати тағйири муҳлати адои ҷазо дархост карданием», – афзуд адвокат.

Ёдрас мекунем, ки

Аминҷон Гулмуродзодаи 33-сола

18 августи соли 2015 ба иттиҳоми сохтакории ҳуҷҷатҳо ва истифодаи минбаъдаи онҳо ба ду соли зиндони низомаш умумӣ маҳкум карда шуд.

spot_imgspot_img

Популярное