Дар буҳрон низ сохторҳои давлатӣ хароҷотро кам карданӣ нестанд

Сарфи назар аз изҳороти раҳбарияти Вазорати молия дар бораи коҳиши хароҷоти дуюмдараҷа, аз ҷумла хароҷоте чун харидани автомашинаҳои хизматӣ, сохторҳои давлатии Тоҷикистон дар ин масъала худро маҳдуд карданӣ нестанд. Роҳбари Палатаи ҳисоби Тоҷикистон Дилмурод Давлатзода зимни нишасти хабарии имрӯза дар ин робита изҳор намуд, ки соли равон Вазорати адлияи ҷумҳурӣ барои харидории авттомашинаҳо ва таҷҳизот […]

ASIA-Plus



Сарфи назар аз изҳороти раҳбарияти Вазорати молия дар бораи коҳиши хароҷоти дуюмдараҷа, аз ҷумла хароҷоте чун харидани автомашинаҳои хизматӣ, сохторҳои давлатии Тоҷикистон дар ин масъала худро маҳдуд карданӣ нестанд.

Роҳбари Палатаи ҳисоби Тоҷикистон Дилмурод Давлатзода зимни нишасти хабарии имрӯза дар ин робита изҳор намуд, ки соли равон Вазорати адлияи ҷумҳурӣ барои харидории авттомашинаҳо ва таҷҳизот аз буҷет 3,9 мл. сомонӣ маблағ дархост намудааст. «Дар асл бошад, кормандони Палатаи ҳисоб муайян карданд, ки маблағи ин хароҷот каме бештар аз 2,7 млн. сомониро ташкил медиҳад», – иброз дошт ӯ.

Ба гуфтаи раиси Палатаи ҳисоб, таҳлилҳои банақшагирии буҷет барои соли 2016 нишон додаанд, ки дар баъзе ҳолатҳо дархостҳои сохторҳои қудратӣ аз ҳаҷми воқеъӣ зиёданд. «Дар буҷети соли 2016 дархостҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ дар маҷмӯъ 1 млн. 237 ҳазор сомонӣ зиёдтар нишон дода шудаанд», – афзуд Давлатзода.

Ёдрас мекунем, ки аввали моҳи феврал муовини аввали вазири молияи ҶТ Ҷамшед Каримзода

қайд кард

, ки ҳукумати кишвар имсол низ ба амалисозии нақшаи тадбирҳо оид ба коҳиш додани таъсири буҳрони моливу иқтисодии ҷаҳонӣ идома медиҳад.

Каримзода зикр кард, ки дар нақшаи зиддибуҳронӣ аз ҷумла сарфаи воситаҳои буҷетӣ аз ҳисоби кам кардани ҳаҷми хароҷотҳои дуюмдараҷа пешбинӣ шудааст. «Ба хароҷотҳои дуюмдараҷа аз ҷониби корхонаву муассисаҳои давлатӣ харидани мебел, автомашинаҳои хизматӣ ва ҳамчунин сохтмони иншооти начандон муҳим ва ғайра дохил мешаванд», – иброз дошт номбурда.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.