Ифшои 160 млн. сомонӣ зиёни молӣ зимни санҷишҳои аудиторӣ

Зимни нишасти хабарии имрӯза раиси Палатаи ҳисоби Тоҷикистон Дилмурод Давлатзода иттилоъ дод, ки соли гузашта зимни санҷишҳои аудиторӣ ба маблағи ҳудуди 160 млн. сомонӣ зиёни молӣ ошкор шудааст, ки нисбат ба нишондиҳандаи соли 2014 қариб 90 млн. сомонӣ зиёдтар аст. Давлатзода қайд кард, ки соли гузашта дар вазорату идораҳо, субъектҳои давлатии хоҷагидорӣ, корхонаву ташкилот ва […]

ASIA-Plus



Зимни нишасти хабарии имрӯза раиси Палатаи ҳисоби Тоҷикистон Дилмурод Давлатзода иттилоъ дод, ки соли гузашта зимни санҷишҳои аудиторӣ ба маблағи ҳудуди 160 млн. сомонӣ зиёни молӣ ошкор шудааст, ки нисбат ба нишондиҳандаи соли 2014 қариб 90 млн. сомонӣ зиёдтар аст.

Давлатзода қайд кард, ки соли гузашта дар вазорату идораҳо, субъектҳои давлатии хоҷагидорӣ, корхонаву ташкилот ва ҳамчунин бонкҳову дигар муассисаҳои буҷетӣ 438 санҷиши аудиторӣ гузаронида шудааст.

Таъкид шуд, ки аз маблағи умумии зиёни ошкоршуда ҳаҷми хароҷотҳои ғайриқонунӣ – ҳудуди 12,4 млн. сомонӣ, камомад ва азхудкунии восиатҳои пулӣ ва моддӣ – беш аз 5,5 млн. сомонӣ, изофанависӣ дар корҳои сохтмону таъмир – зиёда аз 10,9 млн. сомонӣ, зарар аз фурӯш ва иҷораи амволи давлатӣ – 1,7 млн. сомонӣ ва рӯйпӯш кардани андозҳо – 74,3 млн. сомониро ташкил медиҳад.

«Ғайр аз ин, аудиторони палата ғайримақсаднок истифода шудани воситаҳои давлатӣ ба маблағи беш аз 98 млн. 862 ҳазор сомонӣ, истифодаи ғайриоқилонаи воситаҳо дар ҳаҷми 135 млн. 456 ҳазор сомонӣ ва камомад ба маблағи 211 млн. 861 ҳазор сомониро ошкор намуданд», – иброз дошт раиси Палата.

Зимнан зикр гардид, ки ҳаҷми воситаҳои барқароршуда ба буҷет дар соли гузашта зиёда аз 56,2 млн. сомониро ташкил додааст, ки ҳамагӣ ба 35% аз ҳаҷми умумии зиёни молӣ баробар аст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.