Кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовар (АНМН)-и назди Президенти ҶТ дар ВМКБ як қочоқчии навбатии афғонро дар марз дастгир намуданд.
Бино ба иттилои шуъбаи робита бо ҷомеаи АНМН, дар рафти бурдани корҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони Раёсати Агентӣ дар ҳамдастӣ бо хизматчиёни ҳарбии отряди сарҳадии “Хоруғ”-и Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ дар мавзеи наздисарҳадии Майдонаки ҷамоати деҳоти Поршневи ноҳияи Шуғнон ҳангоми убури ғайриқонунии сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон як нафар сокини қарияи Башори улусволии Шуғнони вилояти Бадахшони Афғонистонро бо ду камераи автомобилӣ дастгир намуда, ҳангоми кофтукови шахсӣ аз номбурда ду халтаи дорои маводи бӯи махсус мусодира карда шудааст.
Гуфта мешавад, тибқи маълумотномаи Шуъбаи экспертизаи судии Раёсати Агентӣ, маводи дарёфтгардида ҳашиш буда, вазни он 2 кг 032 грамм мебошад.
Зимнан зикр мегардад, ки аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот дар ин самт давом дорад.



