Боздошти як афғон бо маводи мухаддир дар марз

Кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовар (АНМН)-и назди Президенти ҶТ дар ВМКБ як қочоқчии навбатии афғонро дар марз дастгир намуданд. Бино ба иттилои шуъбаи робита бо ҷомеаи АНМН, дар рафти бурдани корҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони Раёсати Агентӣ дар ҳамдастӣ бо хизматчиёни ҳарбии отряди сарҳадии “Хоруғ”-и  Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ дар мавзеи наздисарҳадии Майдонаки ҷамоати деҳоти […]

ASIA-Plus



Кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовар (АНМН)-и назди Президенти ҶТ дар ВМКБ як қочоқчии навбатии афғонро дар марз дастгир намуданд.

Бино ба иттилои шуъбаи робита бо ҷомеаи АНМН, дар рафти бурдани корҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони Раёсати Агентӣ дар ҳамдастӣ бо хизматчиёни ҳарбии отряди сарҳадии “Хоруғ”-и  Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ дар мавзеи наздисарҳадии Майдонаки ҷамоати деҳоти Поршневи ноҳияи Шуғнон ҳангоми убури ғайриқонунии сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон як нафар сокини қарияи Башори улусволии Шуғнони вилояти Бадахшони Афғонистонро бо ду камераи автомобилӣ дастгир намуда, ҳангоми кофтукови шахсӣ аз номбурда ду халтаи дорои маводи бӯи махсус мусодира карда шудааст.

Гуфта мешавад, тибқи маълумотномаи Шуъбаи экспертизаи судии Раёсати Агентӣ, маводи дарёфтгардида ҳашиш буда, вазни он 2 кг 032 грамм мебошад.

Зимнан зикр мегардад, ки аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот дар ин самт давом дорад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:
Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Сайфуллоҳи Муллоҷон: “Воқеънигорӣ “Азия-Плюс”-ро дар Тоҷикистон ва минтақа соҳиби эҳтиром кард”

Ин таърихнигори шинохтаи тоҷик гуфт, ки “шумо муваффақ шудед, акнун худро ҳифз ва ба ҷомеа хидмат кунед”.

Тағйироти кадрӣ дар чанд вазорату идораи Тоҷикистон. Кӣ аз мансаб озод шуду кӣ вазифа гирифт?

Аз ҷумла, ду сафир, як консул ва чанд раису муовин дар ниҳодҳои калидӣ нав шуданд.

Дар пасманзари ҷанг алайҳи Эрон гардиши мол бо Тоҷикистон қариб 10% коҳиш ёфтааст

Гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистону Эрон дар моҳи март қариб 10% коҳиш ёфтааст.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии шуғл дар зинаҳои поёнӣ қарор гирифт. Чаро?

Дар Тоҷикистон танҳо аз се як ҳиссаи шаҳрвандони қобили меҳнат бо ҷойи корӣ таъминанд.

Дар Тоҷикистон чанд собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондааст?

Теъдоди онҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?

Арзиши рекордии алюминий. Чӣ гуна Тоҷикистон метавонад аз гаронии нарх истифода барад?

Кишвар ният дорад, ҳаҷми истеҳсол ва содироти ин металлро зиёд кунад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 73

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар се моҳи соли 2026 иқтисоди Тоҷикистон 8% рушд кардааст

Муҳаррикҳои асосӣ бахши кишоварзӣ, саноат ва сохтмон боқӣ мондаанд.