ФФТ мухлисони футболро ба Австралия даъват мекунад



Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) мухлисони футболро ба тамошои бозии марҳилаи дуюми мусобиқаи даври интихобии Чемпионати ҷаҳон-2018 миёни дастаҳои мунтахаби Австарлия ва Тоҷикистон даъват мекунад, ки санаи 24 март дар шаҳри Аделаида доир мегардад.

Бино ба маълумоти ФФТ, хароҷоти сафар ба Австралия ва тамошои ин бозӣ 2999 доллари ИМА-ро ташкил медиҳад, ки ин хароҷот аз расмиёти гирифтани раводид, билетҳои ҳавопаймоӣ ба ҳарду самт, суғурта, трансфер ва иқомат дар меҳмонхона иборат аст.

Ёдрас мекунем, ки дар бозии аввали ин дастаҳо дар гурӯҳ, ки рӯзи 8 сентябр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор шуда буд, мунтахаби Тоҷикистон бо ҳисоби 0 бар 3 аз тими Австралия шикаст хӯрд.

spot_imgspot_img

Популярное