Гумонбарии гурезаи афғони муқими Душанбе ба қочоқи 72 кило маводи мухаддир



Кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллиии Тоҷикистон ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир як шаҳрванди Афғонистонро  боздошт намуданд, ки бо аҳли оилааш аз соли 1997 муқими шаҳри Душанбу асту мақоми гурезаро дорад.

Бино ба иттилои АМИТ «Ховар» бо такя ба маълумоти Маркази робитаҳои ҷамъиятии КДАМ ҶТ, муайян гардидааст, ки шаҳрванди ҶИА «Ш.М.» бо шаҳрванди Тоҷикистон «Ҷ.А.» — сокини муваққатии Душанбе ва дигарон барои аз Афғонистон ба Тоҷикистон интиқол додани маводи мухаддир созиши ҷиноятӣ бастаанд. Дар ин амали ҷиноятӣ ба «Ш.М.» ва «Ҷ.А.» қочоқбари афғон бо номи Шоиста кумак намудааст.

Гурӯҳи мазкур бо роҳи қочоқ 113 бастаи махсус — зиёда аз 70 кило маводи мухаддирро ғайриқонунӣ, бо истифода аз мавзеи сарҳадии Сайроб аз хориҷи кишвар ба ҳудуди Тоҷикистон гузаронидаанд .

«Ҷ.А.» баъд аз гирифтани ин миқдор маводи мухаддир 23 бастаи онро ба воситаи мошини гурезаи афғон «Ш.М.» ва нафари ҳамроҳаш бо номи Ҷамшед ба шаҳри Душанбе интиқол доданд.

Рӯзи 9-уми феврали соли равон кормандони КДАМ шаҳрванди Тоҷикистон “Ҷ.А.” ва шаҳрванди Афғонистон “Ш.М.”-ро дастгир карда, ҳангоми азназаргузаронии воситаи нақлиёт, аз дохили пинҳонгоҳи махсус 23 бастаи полиэтилениро ошкор ва мусодира карданд. Хулосаи ташхиси махсус муайян кард, ки дар бастаҳо 22 кило воситаҳои нашъадори ҳашиш ва чарс будааст.

Гуфта мешавад, зимни идомаи чорабиниҳои иловагии фаврӣ-ҷустуҷӯӣ, кормандони мақомоти амнияти миллӣ аз дохили як махфигоҳ, воқеъ дар деҳаи Сайроби ноҳияи Ҳамадонӣ боз 90 бастаи махсусро бо 50 килограмм маводи мухаддир дарёфту мусодира намуданд. Вазни умумии воситаҳои нашъадори мусодирашудаи ҳашиш ва чарс, ки ба боздоштшудагон “Ш.М.” ва “Ҷ.А.” тааллуқ доштанд, дар маҷмуъ 72 килоро ташкил дод.

Зимнан зикр мегардад, ки ҳоло нисбат ба боздоштшудагон парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтиши пешакӣ ҷараён дорад.

spot_imgspot_img

Популярное