Гумонбарии гурезаи афғони муқими Душанбе ба қочоқи 72 кило маводи мухаддир

Кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллиии Тоҷикистон ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир як шаҳрванди Афғонистонро  боздошт намуданд, ки бо аҳли оилааш аз соли 1997 муқими шаҳри Душанбу асту мақоми гурезаро дорад. Бино ба иттилои АМИТ «Ховар» бо такя ба маълумоти Маркази робитаҳои ҷамъиятии КДАМ ҶТ, муайян гардидааст, ки шаҳрванди ҶИА «Ш.М.» бо […]

ASIA-Plus



Кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллиии Тоҷикистон ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир як шаҳрванди Афғонистонро  боздошт намуданд, ки бо аҳли оилааш аз соли 1997 муқими шаҳри Душанбу асту мақоми гурезаро дорад.

Бино ба иттилои АМИТ «Ховар» бо такя ба маълумоти Маркази робитаҳои ҷамъиятии КДАМ ҶТ, муайян гардидааст, ки шаҳрванди ҶИА «Ш.М.» бо шаҳрванди Тоҷикистон «Ҷ.А.» — сокини муваққатии Душанбе ва дигарон барои аз Афғонистон ба Тоҷикистон интиқол додани маводи мухаддир созиши ҷиноятӣ бастаанд. Дар ин амали ҷиноятӣ ба «Ш.М.» ва «Ҷ.А.» қочоқбари афғон бо номи Шоиста кумак намудааст.

Гурӯҳи мазкур бо роҳи қочоқ 113 бастаи махсус — зиёда аз 70 кило маводи мухаддирро ғайриқонунӣ, бо истифода аз мавзеи сарҳадии Сайроб аз хориҷи кишвар ба ҳудуди Тоҷикистон гузаронидаанд .

«Ҷ.А.» баъд аз гирифтани ин миқдор маводи мухаддир 23 бастаи онро ба воситаи мошини гурезаи афғон «Ш.М.» ва нафари ҳамроҳаш бо номи Ҷамшед ба шаҳри Душанбе интиқол доданд.

Рӯзи 9-уми феврали соли равон кормандони КДАМ шаҳрванди Тоҷикистон “Ҷ.А.” ва шаҳрванди Афғонистон “Ш.М.”-ро дастгир карда, ҳангоми азназаргузаронии воситаи нақлиёт, аз дохили пинҳонгоҳи махсус 23 бастаи полиэтилениро ошкор ва мусодира карданд. Хулосаи ташхиси махсус муайян кард, ки дар бастаҳо 22 кило воситаҳои нашъадори ҳашиш ва чарс будааст.

Гуфта мешавад, зимни идомаи чорабиниҳои иловагии фаврӣ-ҷустуҷӯӣ, кормандони мақомоти амнияти миллӣ аз дохили як махфигоҳ, воқеъ дар деҳаи Сайроби ноҳияи Ҳамадонӣ боз 90 бастаи махсусро бо 50 килограмм маводи мухаддир дарёфту мусодира намуданд. Вазни умумии воситаҳои нашъадори мусодирашудаи ҳашиш ва чарс, ки ба боздоштшудагон “Ш.М.” ва “Ҷ.А.” тааллуқ доштанд, дар маҷмуъ 72 килоро ташкил дод.

Зимнан зикр мегардад, ки ҳоло нисбат ба боздоштшудагон парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтиши пешакӣ ҷараён дорад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Арзиши рекордии алюминий. Чӣ гуна Тоҷикистон метавонад аз болоравии нарх истифода барад?

Ҷумҳурӣ ният дорад, ки ҳаҷми истеҳсол ва содироти ин металлро зиёд кунад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 73

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар се моҳи соли 2026 иқтисоди Тоҷикистон 8% рушд кардааст

Муҳаррикҳои асосӣ бахши кишоварзӣ, саноат ва сохтмон боқӣ мондаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 23 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Абдуҷаббор Азизиву Қурбоналӣ Абдулло то Рӯзи ҷаҳонии китоб ва ҳуқуқи муаллифӣ.

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.