Оғози намоиш-фурӯши ниҳолҳо дар Душанбе



Рӯзи шанбеи ҳафтаи равон дар пойтахти Тоҷикистон нахустин маъракаи намоиш-фурӯши ниҳолҳои мевадиҳандаву сояафкан, гулу буттаҳои ҳамешасабзу ороишӣ ва тухмиҳои баландсифат дар ҷумҳурӣ доир мегардад.

Бино ба маълумоти Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ, чорабинии мазкур рӯзи 20 феврал дар шафати маҷмааи савдои «Пойтахт-90» баргузор мешавад.

Гуфта мешавад, деҳқонону хоҷагиҳои боғпарвар ва сокинони шаҳри Душанбе метавонанд, ки дар ин рӯз шурӯъ аз соати 8-00 ниҳолҳои беҳтарину дорои сертификати сифатро харидорӣ намуда, инчунин аз маслиҳату машваратҳои муфиди олимону мутахассисони соҳаи боғпарварӣ баҳраманд гарданд.

Қобили зикр аст, ки ҳамасола оғози даҳаи ахири моҳи феврал дар Тоҷикистон маъракаҳои баҳории намоиш-фурӯши ниҳолҳои гуногун оғоз мегардад.

spot_imgspot_img

Популярное