Таҷлили 27-умин солгарди санаи хурӯҷи низомиёни шӯравӣ аз Афғонистон

Имрӯз, 15 феврал ба хурӯҷи артиши шӯравӣ аз Афғонистон 27 сол пур мешавад. Дар ин рӯзи соли 1989 ба иштироки тӯлонитарини низомиёни шӯравӣ дар низоъи мусаллаҳонаи Афғонистон хотима бахшида шуда, марзи давлатии кишварҳоро охирин қатораи низомиёни шӯравӣ убур кард. Ин маъракаи низомӣ муддати 9 сол идома ёфта, тибқи маълумоти расмӣ, дар ҷараёни он 14 ҳазор […]

ASIA-Plus



Имрӯз, 15 феврал ба хурӯҷи артиши шӯравӣ аз Афғонистон 27 сол пур мешавад. Дар ин рӯзи соли 1989 ба иштироки тӯлонитарини низомиёни шӯравӣ дар низоъи мусаллаҳонаи Афғонистон хотима бахшида шуда, марзи давлатии кишварҳоро охирин қатораи низомиёни шӯравӣ убур кард.

Ин маъракаи низомӣ муддати 9 сол идома ёфта, тибқи маълумоти расмӣ, дар ҷараёни он 14 ҳазор нафар шаҳрвандони Иттиҳоди Шӯравӣ ҷони худро аз даст доданд.

Бино ба маълумоти Шӯрои ҷановарони интернатсионалисти Тоҷикистон, дар доираи ин маърака беш аз 15 ҳазор нафар тоҷикистониён низ ба Афғонистон сафарбар шуда, 366 нафар аз онҳо ҳалок ва беш аз 1 ҳазор нафар ҷанговарони интернатисоналист аз Тоҷикистон маҷрӯҳ шуданд.

Тибқи анъана ҳар сол ҷанговарони интернатсионалисти Тоҷикистон барои таҷлили ин сана назди муҷассамаи Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ Александр Мироненко дар Душанбе гирдиҳам меояд. А.Мироненко дар Афғонистон ҳалок шудааст.

Дар ин чорабинӣ намояндагони ҳайати фамондеҳиии пойгоҳи 201-уми Русия дар Тоҷикистон, собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ, кормандони мақомоти давлатии ҳукумат, Вазорати мудофиаи Тоҷикистон ва сафорати Русия дар ҶТ ширкат меварзанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.