Мусоидати БОР ба муҳайё сохтани муҳити мусоид барои сармоягузорӣ дар Тоҷикистон

Намояндагии Бонки осиёгии рушд (БОР) дар Тоҷикистон ба Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон (ПСС ҶТ) пешниҳод кард, ки самтҳои асосии шарикиро ҷиҳати мусоидат ба фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди бахши хусусӣ дар Тоҷикистон муайян кунад. «Дар самти амалисозии ислоҳоти иқтисодӣ бо такяи бештар ба муҳайё сохтани муҳити мусоид барои сармоягузорони имконпазир, БОР бо ҳукумати […]

ASIA-Plus



Намояндагии Бонки осиёгии рушд (БОР) дар Тоҷикистон ба Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон (ПСС ҶТ) пешниҳод кард, ки самтҳои асосии шарикиро ҷиҳати мусоидат ба фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди бахши хусусӣ дар Тоҷикистон муайян кунад.

«Дар самти амалисозии ислоҳоти иқтисодӣ бо такяи бештар ба муҳайё сохтани муҳити мусоид барои сармоягузорони имконпазир, БОР бо ҳукумати Тоҷикистон мудом дар робитаву ҳамкорӣ аст», – изҳор доштааст намояндаи домии БОР дар Тоҷикистон Си Си Ю зимни вохӯрӣ бо раиси ПСС Тоҷикистон Шариф Саид.

Зимни мулоқот намояндаи бонк ба масъалаи бо кумаки ПСС ҶТ муайян кардани самтҳои асосии шарикӣ ҷиҳати мусоидат ба фароҳам овардани муҳити мусоид барои рушди бахши хусусӣ, густариши савдо ва ҷалби сармоя бо мақсади беҳбуди вазъи муҳити тиҷоратӣ таваҷҷуҳ зоҳир намудааст.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти ПСС ҶТ, дар ҷараёни вохӯрӣ ҳамчунин масоили марбут ба ҳамкорӣ дар бахши ҷалби сармоягузорӣ ба иқтисоди ҷумҳурӣ, дастгирии ислоҳоти иқтисодӣ, соҳибкории инфиродӣ, омодакунӣ ва бозомӯзии кадрҳо дар ин самт низ мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд.

Бонки осиёгии рушд яке аз ниҳодҳои асосии молии мададрасон ба Тоҷикистон маҳсуб ёфта, то имрӯз барои Тоҷикистон кумакҳо ба маблағи ҳудуди 1,4 млрд. доллари ИМА ба сифати қарзҳои имтиёзнок, грант ва кумаки техникиро маъқул шуморидааст.

Соли 2015 БОР ҳаҷми кумак ба Тоҷикистонро тақрибан ба миқдори 20 млн. доллари ИМА афзуда, барномаи кумаки солонаи нақшавиро то 79 млн. доллари ИМА зиёд кард.

Охири соли гузашта БОР тарҳи индикативии кумак ба Тоҷикистон барои давраи солҳои 2016-2018-ро нав кард. Ҳаҷми умумии индикативии сармоягузорӣ дар муддати се сол тибқи нақшаи тиҷоратӣ беш аз 240 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.