Вазири давлатии Британия ҷиҳати баррасии шарикӣ ба Душанбе омад

Вазири давлатии рушди байналмилалии (DFID) Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ Десмонд Свейн ба шаҳри Душанбе ташриф оварда, ният дорад, ки бо мансабдорони воломақом масоили ҳамкориҳои дуҷониба бо Тоҷикистонро баррасӣ кунад. Бино ба маълумоти сафорати Британияи Кабир дар ҶТ, дар доираи сафари мазкур ба хотири баррасии вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба ҳамчунин мулоқоту […]

ASIA-Plus



Вазири давлатии рушди байналмилалии (DFID) Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ Десмонд Свейн ба шаҳри Душанбе ташриф оварда, ният дорад, ки бо мансабдорони воломақом масоили ҳамкориҳои дуҷониба бо Тоҷикистонро баррасӣ кунад.

Бино ба маълумоти сафорати Британияи Кабир дар ҶТ, дар доираи сафари мазкур ба хотири баррасии вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба ҳамчунин мулоқоту вохӯриҳои ӯ бо намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва доираҳои тиҷоратии ҷумҳурӣ низ дар назар аст.

Ба иттилои манбаъ, дар сафари Д.Свейн ба муносибатҳои дуҷонибаи кишварҳо дар самти дастгирии рушди иқтисод, идоракунии пурсамари давлатӣ ва устувории аз ҷониби Британияи Кабир пешниҳдмешуда таваҷҷуҳи хосса зоҳир хоҳад шуд.

Вакили парлумони Британияи Кабир Десонд Свейн ба Душанбе ташриф оварда, аз ҷумла изҳор дошт: «Аз сафари нахустин ба Душанбе, ки ба доираи вазифаҳои вазирии ман маосили Осиёи Марказӣ низ дохил шуд, хеле хушнудам. Бо хурсандӣ гуфтушунид ва баррасиҳо бо ҳукумат, намояндагони тиҷорат ва ҷомеаи шаҳрвандиро интизорам ва атрофи кумаки шарикӣ бо Британияи Кабир дар ноил гардидан ба дастовардҳо дар соҳаҳои муҳиме чун рушди иқтисод ва идоракунии пурсамари давлатӣ изҳори назар карданиам. Ман ҳамчунин ноил гардидан ба тавофуқҳо дар бораи густариши шарикии мо дар ояндаро низ беҳад интизорам».

Вазорати давлатии рушди байналмилалии (DFID) Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ дар самти мубориза бо қашшоқӣ фаъолият намуда, ба воситаи таъсиси ҷойҳои корӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои духтарону занон ҷиҳати истифодаи имконоти онҳо ва кумак барои наҷоти ҳаёт дар вазъҳои фавқулодаи дорои хусусияти башардӯстона вобастагӣ аз кумаки берунаро коҳиш медиҳад.

Зимни вохӯрии рӯзи 4 феврал бо журналистон вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов изҳор дошта буд, ки барои амалисозии қисмати тоҷикистонии лоиҳаи интиқоли барқи CASA-1000 ба сифати қарзи имтиёзнок Британияи Кабир 31 млн. фунт стерлинг ҷудо кардааст. Ғайр аз ин, соли гузашта барои эҳтиёҷоти Вазорати мудофиаи Тоҷикистон Британияи Кабир ба сифати кумак 18 автомашинаи боркаш тақдим намудааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.