Афзоиши ҳаҷми кумаки башардӯстона ба Тоҷикистон



Моҳи январи соли равон ба Тоҷикистон ба маблағи умумии беш аз 5,9 млн. доллари ИМА кумаки башардӯстона ворид гардид.

Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти Тоҷикистон, ин кумак бо вазни умумии қариб 2,2 ҳазор тонна аз 22 кишвари дунё ба Тоҷикистон оварда шудааст.

Гуфта мешавад, дар байни кишварҳои мададрасон вазни нисбатан хос аз рӯи арзиш ба Чин (49,7%), Русия (24,5%), Озарбойҷон (6,4%), Таиланд (4,4%), Ҳиндустон (4,1%), ИМА (2,6%) ва Нидерланд (2,3%) рост меояд.

Моҳи январи соли гузашта ба Тоҷикистон ба маблағи умумии ҳудуди 4,8 млн. доллари ИМА кумакп башардӯстона ворид гардида буд.

Аз рӯи натиҷаҳои соли гузашта ба Тоҷикистон дар маҷмӯъ ба маблағи ҳудуди 45 млн. доллари ИМА кумаки башардӯстона фиристода шуда буд.

spot_imgspot_img

Популярное