Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди ҳукумати Тоҷикистон генерал-лейтенант Рустам Назарзода бо роҳбари ташкилоти гуманитарии «Добрососедство» Ли Бенгчан дидору гуфтушунид кард.
Бино ба иттилои маркази матбуоти Кумита, зимни вохӯрӣ ҷонибҳо бобати ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманд дар самти пешгирии ҳолатҳои фавқулоддаи табиӣ дар Тоҷикистон изҳори назар карданд.
Гуфта мешавад, ҷонибҳо ба мувофиқа омаданд, ки барои пешгирӣ намудани ҳолатҳои фавқулоддаи мавсимӣ, бо дастгирии ташкилоти мазкур барои мактабҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ буклету брошюраҳо ва барномаҳои омӯзишӣ таҳия ва чоп карда мешаванд.



