Маҳсулоти ширкатҳои нассоҷии Тоҷикистон дар намоишгоҳи маъруфи Маскав

Сафири Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Сатторов рӯзи 16 феврал дар маросими ифтитоҳи ҳамоиши тиҷоратии «Ҳамкории истеҳсолкунандагони Тоҷикистону Қирғизистон ва ширкатҳои русиягӣ дар соҳаи саноати сабук» иштирок ва назди ҳозирин суханронӣ намуд. Ҳамоиши тиҷоратии мазкур дар доираи чорабинии Ярмаркаи федералии фурӯши яклухти «Текстиллегпром» баргузор мешавад, ки имрӯзҳо дар намоишгоҳи дастовардҳои хоҷагии халқ (ВДНХ)-и шаҳри Маскав ҷараён […]

ASIA-Plus



Сафири Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Сатторов рӯзи 16 феврал дар маросими ифтитоҳи ҳамоиши тиҷоратии «Ҳамкории истеҳсолкунандагони Тоҷикистону Қирғизистон ва ширкатҳои русиягӣ дар соҳаи саноати сабук» иштирок ва назди ҳозирин суханронӣ намуд.

Ҳамоиши тиҷоратии мазкур дар доираи чорабинии Ярмаркаи федералии фурӯши яклухти «Текстиллегпром» баргузор мешавад, ки имрӯзҳо дар намоишгоҳи дастовардҳои хоҷагии халқ (ВДНХ)-и шаҳри Маскав ҷараён дорад.

Бино ба маълуомти хадамоти матбуоти сафорати Тоҷикистон дар Русия, Имомуддин Сатторов зимни суханронӣ ба дастандаркорони ин чорабинӣ миннатдорӣ изҳор намуда, аз иштирокчиёни ҳамоиш даъват ба амал овард, ки ин майдони тиҷорату ҳамкориро барои роҳандозии робитаҳои судманд миёни доираҳои тиҷоратӣ дар паҳнои ИДМ пурсамар истифода кунанд, зеро барои ин шароити мусоид мавҷуд аст.

Ҳамчунин сафир ба ҳозирин дар бораи шароитҳои мусоиди сармоягузории аз ҷониби ҳукумати ҷумҳурӣ дар Тоҷикистон муҳайёшуда маълумот дода, сармоягузорони имконпазирро ба иштироки фаъолона дар лоиҳаҳои сармоягузории Тоҷикистон даъват кард ва сипас бо гӯшаи маҳсулоти нассоҷону дӯзандагони Тоҷикистон аз наздик ошно гардид.

Қобили зикр аст, ки корхонаҳои Тоҷикистон

барои шашумин бор пайдарпай

бо мусоидат ва дастгирии Маркази тиҷорати байнулмилалӣ (МТБ) меҳмони намоишгоҳи байнулмилалии “Текстиллегпром” мегарданд, ки азимтарин намоишгоҳи махсус дар Федеросюни Русия мебошад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Тасдиқи реҷаи нави кори мағоза ва тарабхонаву марказҳои дилхушӣ дар Душанбе. Онҳо то кай бояд кор кунанд?

Соҳибони марказҳои савдову хидматрасонӣ бояд реҷаи кори худро бо комиссияи шаҳрдорӣ мувофиқа кунанд.

Русия 27 шаҳрванди Тоҷикистонро аз Эрон берун баровардааст

Онҳо дар нерӯгоҳи ҳастаии "Бушаҳр" кор мекарданд.

Муштзанони тоҷик дар марҳилаи якуми Ҷоми ҷаҳон дар Бразилия ширкат мекунанд

Федератсияи бокси Тоҷикистон ҳайати дастаро, ки аз 4 варзишгар иборат аст, эълон кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 68

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Русия ҳудуди 6 ҳазор муҳоҷирро аз қаламраваш ихроҷ мекунад

Онҳо пас аз рейдҳои мақомоти Русия аз ин кишвар ронда мешаванд.

Гарду ғубор дар Тоҷикистон. Вазорати тандурустӣ гуфт, чӣ гуна худро аз хокбориш ҳифз кард

Ҳавои ғуборолуд дар кишвар солҳои охир ба як ҳолати маъмулӣ табдил ёфтааст.