Дар маркази маъмурии вилояти Хатлон – шаҳри Қӯрғонтеппа шаби рӯзи чоршанбе мактаби миёнаи таҳсилоти умумии №4 мавриди ғорат қарор гирифта, аз ин муассисаи таълимӣ компютерҳо, сейф аз кабинети директор ва дигар техника ба маблағи умумии беш аз 20 ҳазор сомонӣ дуздида шуданд.
Ба гумони даст доштан дар ин ҷиноят кормандони милиса рӯзи 17 феврал сокинони ҷавони шаҳри Қӯрғонтеппа: А.А.- 17-сола, И.М.-и 19-сола, И.И. ва В.А., ҳарду 20-соларо боздошт намудаанд. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ин шаҳр хабар дод.
Дар ҳамин ҳол, дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон дар ин робита
иттилоъ медиҳад
, ки ба гумони даст доштан дар ин дуздӣ се нафар ҷавонони 20-сола боздошт шудаанд, ки ба маблағи беш аз 20 ҳазор сомонӣ техникаи мактабро рабудаанд.



