Иштироки дзюдочиёни тоҷик дар мусобиқаи Гран-прии Олмон

Паҳлавонони тоҷик дар мусобиқаи силсилаи Гран прии дзюдо, ки рӯзҳои 19-20 феврал дар шаҳри Дюсселдорфи Олмон баргузор мешавад, ширкат хоҳанд варзид. Ин севумин мусобиқаи байналмилалӣ барои дзюдочиёни тоҷик дар мавсими имсола ба шумор меравад. Бино ба маълумоти дафтари матбуоти Кумитаи миллии олипии ҶТ, мусобиқа миёни мардону занон дар 14 вазн (7 вазн байни мардон ва […]

ASIA-Plus



Паҳлавонони тоҷик дар мусобиқаи силсилаи Гран прии дзюдо, ки рӯзҳои 19-20 феврал дар шаҳри Дюсселдорфи Олмон баргузор мешавад, ширкат хоҳанд варзид. Ин севумин мусобиқаи байналмилалӣ барои дзюдочиёни тоҷик дар мавсими имсола ба шумор меравад.

Бино ба маълумоти дафтари матбуоти Кумитаи миллии олипии ҶТ, мусобиқа миёни мардону занон дар 14 вазн (7 вазн байни мардон ва 7 вазн миёни занон) сурат мегирад.

Тоҷикистонро чаҳор гуштигири маъруфи кишвар намояндагӣ мекунанд. Фарҳод Раҳимов  дар вазни то 81 кило рӯзи 20-уми феврал вориди рақобат мешавад. Се нафари дигар – Комроншоҳи Устопириён дар вазни то 90 кило, Саидҷалол Саидов дар вазни то 100 кило ва Муҳаммадмурод Абдураҳмонов дар вазни беш аз 100 кило – рӯзи якшанбеи 21 феврал рақобат хоҳанд кард.

Дар ин мусобиқаи байналмилалӣ ширкати 572 варзишгар (363 мард ва 219 зан) аз 89 кишвари ҷаҳон дар назар аст. Бояд гуфт, ки дар ин мусобиқа варзишгарони ҳамаи 15 кишвари собиқи шӯравӣ иштирок мекунанд. Ба ҷуз Тоҷикистон, дзюдочиёни Арманистон (2 марду 1 зан), Беларус (4+1), Гурҷистон (11мард), Қазоқистон (11+4), Қирғизистон (5 мард), Латвия (5 мард), Литва (5+2), Молдова (1+1), Озарбойҷон (12+1), Русия (7+7),  Туркманистон (3 зан), Узбакистон (8 мард), Украина (5+3) ва Эстония (2 мард) дар Олмон ҷамъ меоянд.

Дар ин мусобиқа варзишгарон инчунин барои Олимпиадаи соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия имтиёзҳои олимпӣ ба даст меоранд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 апрели соли 2026

Аз таъсиис Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Кӯлоб то зодрӯзи Сурайё Қосимова ва даргузашти Бахтиёр Худойназаров

Музокироти сулҳи Эрону Амрико. Умеду навмедии сокинони Душанбе

Баъзе ба ин назаранд, ки дидору гуфтугӯҳои мақомдорони ду кишвар натиҷае нахоҳад дод.

Тоҷикистон ният дорад аз Қазоқистон то 1,3 млн тонна ғалла ворид кунад

Тоҷикистон ният дорад, ки аз ин кишвар то 1,3 млн тонна зироати ғалладона ворид намояд.

Имтиёз барои “мағзҳо”. Русия ба муҳоҷирон “корти сабз” пешниҳод кард

Акнун киҳо метавонанд бидуни имтиҳон ва навбат ҳуҷҷати иқомат гиранд?