Худдории ҲСДТ аз иштирок дар раъйпурсии тағйирот ба Конститутсия

Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон (ҲСДТ) доир ба худдорӣ кардан аз иштирок дар маъракаи раъйпурсии умумихалӣ оид ба ворид намудани тағйирот ба Конститутсияи ҷумҳурӣ изҳорот интишор намуд. Дар изҳороти аз ҷониби раиси ҳизб Раҳматилло Зойиров баимзорасида зикр мегардад, ки ҲСДТ аз Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон дархост мекунад, ки намояндагони ҳизб ба ҳайати комиссияҳои ҳавзавӣ оид […]

Аваз Юлдошев



Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон (ҲСДТ) доир ба худдорӣ кардан аз иштирок дар маъракаи раъйпурсии умумихалӣ оид ба ворид намудани тағйирот ба Конститутсияи ҷумҳурӣ изҳорот интишор намуд.

Дар изҳороти аз ҷониби раиси ҳизб Раҳматилло Зойиров баимзорасида зикр мегардад, ки ҲСДТ аз Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон дархост мекунад, ки намояндагони ҳизб ба ҳайати комиссияҳои ҳавзавӣ оид ба баргузории раъйпурсӣ дохил карда нашаванд.

Ба андешаи раиси ҲСДТ, тағйироти солҳои 1999 ва 2003 қабулшуда ба Конститутсия ба демократикунонии ҷомеа мусоидат накарданд.

«Тағйироти пешниҳодшуда ба раъйпурсии умумихалқии ба санаи 22 май таъиншуда низ ба демократикунонии ҷомеа мусоидат намекунанд», – мутмаин аст Зойиров.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.