Имкони ба ҳисобаробаркунӣ бо пулӣ миллӣ гузаштани Маскаву Душанбе



Русия ва Тоҷикистон имкони даст кашидан аз доллар дар ҳисоббаробаркуниҳои мутақобила ва гузаштан ба пули миллиро баррасӣ доранд», –


хабар медиҳад


РИА Новости бо истинод ба муовини аввали Кумитаи аграрии Шӯрои федералии Русия Сергей Лисовский, ки дар ҳамоиши доираҳои тиҷоратии ду кишвар дар Маскав чунин ибрози назар кардааст.

«Мо хоҳони даст кашидан аз ҳисоббаробаркуниҳо бо доллар ва гузаштан ба асъорҳои миллӣ мебошем», – гуфтааст сенатор. Ӯ аз эҳтимол дур намедонад, ки ба ин монанд механизмҳо метавонанд аллакай соли равон мавриди амал қарор гиранд.

Дар робита ба содироти маҳсулоти кишвоварзӣ ва дигар навъи молҳо аз Тоҷикистон ба Русия Лисовкий изҳор доштааст, ки барои дар сатҳи хуб ба роҳ мондани ин кор тавофуқ ҳосил шудааст, ки дар Тоҷикистон ва Русия марказҳои таъминотӣ (логистикӣ) таъсис дода шуда, ҷиҳати табодули мунтазам ва зудтари молу маҳсулот миёни кишварҳо «долонҳои сабз» ташкил карда шаванд.

Ӯ таъкид доштааст, ки зарурати то ҳадди ақал кам кардани расмиёти гумрукӣ ба он алоқаманд аст, ки Тоҷикистон ба Русия маҳсулоти хушсифате интиқол медиҳад, ки қариб пурра бидуни маводи кимиёвӣ парвариш ёфтааст, вале он зуд вайрон мешавад ва барои ин марказҳои таъминот заруранд, то ки маҳсулот сард кунонида шуда, сипас тариқи расмиёти соддашуда бо «долони сабз» ба Русия расонида шавад.

«Долони сабз барои содироткунанагони санҷидашудаву боэътимод пешниҳод мегардад. Мкрказҳои таъминотӣ (логистикӣ) дар Русия маҳсулот аз Тоҷикистонро қабул намуда, хеле зуд ба фармоишгаронашон мерасонанд», – қайд кардааст ӯ.

Лисовский ҳамчунин зикр кардааст, ки Русия ба Тоҷикистон маъмулан маҳсулоти соҳаи мошинсозӣ, маснӯоти чӯб, маҳсулоти маишии кимиёвӣ ва маҳсулоти гӯштӣ содирот мекунад.

spot_imgspot_img

Популярное