Қарзҳои имтиёзноки «ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ» ба фермерон



Ташкилоти амонатии қарзии хурди «ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ» бо назардошти оғози мавсими киштукор дар бахши кишоварзӣ, ба маъракаи пешниҳоди қарзҳои имтиёзнок ба фермерони Тоҷикистон шурӯъ кард.

Тавре ба «Азия-Плюс» аз дафтари кории ташкилот дар ин робита иттилоъ доданд, меъёри фоизҳо аз рӯи қарзҳо ба фермерон аз 28%-и солона бо пули миллиро ташкил медиҳанд.

Ба иттилои манбаъ,  ин иқдом ба дастгирии бахши кишоварзии барои Тоҷикистон муҳим нигаронида шудааст, ки яке аз соҳаҳои асосии иқтисоди кишвар маҳсуб ёфта, 19%-и ММД, 66%-и шуғли аҳолӣ ва қариб сеяки ҳаҷми содироти кишварро таъмин мекунад.

Зимнан зикр гардид, ки қарзҳои муфиди аграрӣ барои фермерон ба эҳёи соҳаи  кишоварзӣ ва дастгирии рушди иқтисоди ҷумҳурӣ мусоидат хоҳад кард, ки имрӯзҳо барои ҷумҳурӣ хеле муҳим аст.

spot_imgspot_img

Популярное