Қарзҳои имтиёзноки «ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ» ба фермерон

Ташкилоти амонатии қарзии хурди «ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ» бо назардошти оғози мавсими киштукор дар бахши кишоварзӣ, ба маъракаи пешниҳоди қарзҳои имтиёзнок ба фермерони Тоҷикистон шурӯъ кард. Тавре ба «Азия-Плюс» аз дафтари кории ташкилот дар ин робита иттилоъ доданд, меъёри фоизҳо аз рӯи қарзҳо ба фермерон аз 28%-и солона бо пули миллиро ташкил медиҳанд. Ба иттилои манбаъ,  ин […]

ASIA-Plus



Ташкилоти амонатии қарзии хурди «ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ» бо назардошти оғози мавсими киштукор дар бахши кишоварзӣ, ба маъракаи пешниҳоди қарзҳои имтиёзнок ба фермерони Тоҷикистон шурӯъ кард.

Тавре ба «Азия-Плюс» аз дафтари кории ташкилот дар ин робита иттилоъ доданд, меъёри фоизҳо аз рӯи қарзҳо ба фермерон аз 28%-и солона бо пули миллиро ташкил медиҳанд.

Ба иттилои манбаъ,  ин иқдом ба дастгирии бахши кишоварзии барои Тоҷикистон муҳим нигаронида шудааст, ки яке аз соҳаҳои асосии иқтисоди кишвар маҳсуб ёфта, 19%-и ММД, 66%-и шуғли аҳолӣ ва қариб сеяки ҳаҷми содироти кишварро таъмин мекунад.

Зимнан зикр гардид, ки қарзҳои муфиди аграрӣ барои фермерон ба эҳёи соҳаи  кишоварзӣ ва дастгирии рушди иқтисоди ҷумҳурӣ мусоидат хоҳад кард, ки имрӯзҳо барои ҷумҳурӣ хеле муҳим аст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:
Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Сайфуллоҳи Муллоҷон: “Воқеънигорӣ “Азия-Плюс”-ро дар Тоҷикистон ва минтақа соҳиби эҳтиром кард”

Ин таърихнигори шинохтаи тоҷик гуфт, ки “шумо муваффақ шудед, акнун худро ҳифз ва ба ҷомеа хидмат кунед”.

Тағйироти кадрӣ дар чанд вазорату идораи Тоҷикистон. Кӣ аз мансаб озод шуду кӣ вазифа гирифт?

Аз ҷумла, ду сафир, як консул ва чанд раису муовин дар ниҳодҳои калидӣ нав шуданд.

Дар пасманзари ҷанг алайҳи Эрон гардиши мол бо Тоҷикистон қариб 10% коҳиш ёфтааст

Гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистону Эрон дар моҳи март қариб 10% коҳиш ёфтааст.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии шуғл дар зинаҳои поёнӣ қарор гирифт. Чаро?

Дар Тоҷикистон танҳо аз се як ҳиссаи шаҳрвандони қобили меҳнат бо ҷойи корӣ таъминанд.

Дар Тоҷикистон чанд собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондааст?

Теъдоди онҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?

Арзиши рекордии алюминий. Чӣ гуна Тоҷикистон метавонад аз гаронии нарх истифода барад?

Кишвар ният дорад, ҳаҷми истеҳсол ва содироти ин металлро зиёд кунад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 73

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар се моҳи соли 2026 иқтисоди Тоҷикистон 8% рушд кардааст

Муҳаррикҳои асосӣ бахши кишоварзӣ, саноат ва сохтмон боқӣ мондаанд.