Бо даъвати раиси Комиссияи интихоботии Қазоқистон Куандик Турганқулов ду намояндаи Тоҷикистон дар мониторинги маъракаи интихоботи пеш аз муҳлати парлумонӣ дар Қазоқистон, ки санаи 20 марти соли ҷорӣ доир мегардад, ширкат хоҳанд варзид.
Роҳбари дастгоҳи КМИР Тоҷикистон Абдуманнон Додозода ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки ба ҳайати гурӯҳи байнулмилалӣ оид ба пайгирии ҷараёни маъракаи интихоботи пеш аз муҳлат ба парлумони Қазоқистон узви КМИР Тоҷикистон Моҳистон Азизова ва сармутахассиси КМИР Абдураҳим Улфатов шомил шудаанд.
Қобили зикр аст, ки шоми рӯзи 20 январи соли равон зимни паёми телевизионӣ ба мардум президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев аз мардуми кишвараш даъват кард, ки «тасмими қабулшуда бо тақозои замон»-ро дастгирӣ карда, «бо мақсади муттаҳидӣ ва ваҳдат ба хотири ояндаи кишвар» дар маъракаи интихобот фаъолона иштирок кунанд.



