Эҳтимоли сари як зани тоҷикро буридани лифт дар вилояти Маскав

Дар шаҳри Королёви вилояти Маскав лифт барои кашонидану берун бурдани партов дар тарабхона ба бурида шудани сари як зани фаррош боис гардидааст. Бино ба иттилои Сарраёсати тафтишоти Кумитаи тафтишоти Русия дар вилояти Маскав, ин ҳодисаи фоҷеабор шаби 21 феврали соли 2016 дар яке аз тарабхонаҳои шаҳр бар асари вайрон шудани механизми борбардори дастгоҳи лифт барои […]

ASIA-Plus



Дар шаҳри Королёви вилояти Маскав лифт барои кашонидану берун бурдани партов дар тарабхона ба бурида шудани сари як зани фаррош боис гардидааст.

Бино ба

иттилои

Сарраёсати тафтишоти Кумитаи тафтишоти Русия дар вилояти Маскав, ин ҳодисаи фоҷеабор шаби 21 феврали соли 2016 дар яке аз тарабхонаҳои шаҳр бар асари вайрон шудани механизми борбардори дастгоҳи лифт барои кашонидани партов ба вуқӯъ пайвастааст.

Қайд мешавад, ки ҷойи ҳодиса аз назар гузаронида шуда, шоҳид бозпурсӣ ва ташхиси судиву тиббӣ таъин карда шуда, ҳодиса мавриди таҳқиқ қарор дорад.

Дар ҳамин ҳол,

РИА Новости

менависад, зани ҳалокшуда «эҳтимол шаҳрванди Тоҷикистон ё Ӯзбекистон аст».

«Як вақте зан мебинад, ки ба чоҳи лифт бастаи партовдор афтода, ӯ онро берун оварданӣ мешавад. Ин замон лифти механизми борбардораш вайрон ба кор даромада, ба болои сари зан поин меояд ва сари ӯро мебурад», – гуфтаанд муфаттишон ба хабаргузорӣ. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Дар пасманзари ҷанг алайҳи Эрон гардиши мол бо Тоҷикистон қариб 10% коҳиш ёфтааст

Гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистону Эрон дар моҳи март қариб 10% коҳиш ёфтааст.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии шуғл дар зинаҳои поёнӣ қарор гирифт. Чаро?

Дар Тоҷикистон танҳо аз се як ҳиссаи шаҳрвандони қобили меҳнат бо ҷойи корӣ таъминанд.

Дар Тоҷикистон чанд собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондааст?

Теъдоди онҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?

Арзиши рекордии алюминий. Чӣ гуна Тоҷикистон метавонад аз гаронии нарх истифода барад?

Кишвар ният дорад, ҳаҷми истеҳсол ва содироти ин металлро зиёд кунад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 73

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар се моҳи соли 2026 иқтисоди Тоҷикистон 8% рушд кардааст

Муҳаррикҳои асосӣ бахши кишоварзӣ, саноат ва сохтмон боқӣ мондаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 23 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Абдуҷаббор Азизиву Қурбоналӣ Абдулло то Рӯзи ҷаҳонии китоб ва ҳуқуқи муаллифӣ.