Дастури раиси пойтахт ҷиҳати омодакунии лагерҳо ба таътили тобистона

Бо қарори раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев, роҳбарони ноҳияҳои пойтахт ва корхонаву ташкилотҳои дахлдори шаҳр барои ба истироҳати тобистонаи хонандагон омодакунии лагерҳои кӯдаконаи солимгардонии берун аз шаҳр ва лагерҳои назди мактабҳои таҳсилоти умумӣ уҳдадор карда шуданд. Тавре як манбаъ аз мақомоти шаҳрдории пойтахт дар ин робита иттилоъ дод, лагерҳои беруназшаҳрии «Зимчурӯд», «Гулхан», «Шарора» ва «Орзу», […]

Аваз Юлдошев



Бо қарори раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев, роҳбарони ноҳияҳои пойтахт ва корхонаву ташкилотҳои дахлдори шаҳр барои ба истироҳати тобистонаи хонандагон омодакунии лагерҳои кӯдаконаи солимгардонии берун аз шаҳр ва лагерҳои назди мактабҳои таҳсилоти умумӣ уҳдадор карда шуданд.

Тавре як манбаъ аз мақомоти шаҳрдории пойтахт дар ин робита иттилоъ дод, лагерҳои беруназшаҳрии «Зимчурӯд», «Гулхан», «Шарора» ва «Орзу», ки дар тавозуни Раёсати маорифи пойтахт қарор доранд, то 15 май бояд ба қабули кӯдакон омода карда шаванд.

«Дар лагерҳои зикршуда мавсими тобистон дар ду баст беш аз 1 ҳазору 600 нафар аълочиёни хониш ва тарбиятгирандагони интернатҳои пойтахт ба истироҳат фаро гирифта мешаванд», – гуфт манбаъ.

Зимнан зикр гардид, ки дар 36 лагери истироҳат, ки мавсими таътили тобистона дар назди мактабҳои таҳсилоти умумии пойтахт ташкил карда мешаванд, дар ду баст 4 ҳазору 400 нафар кӯдакон истироҳат мекунанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Тағйироти кадрӣ дар чанд вазорату идораи Тоҷикистон. Кӣ аз мансаб озод шуду кӣ вазифа гирифт?

Аз ҷумла, ду сафир, як консул ва чанд раису муовин дар ниҳодҳои калидӣ нав шуданд.

Дар пасманзари ҷанг алайҳи Эрон гардиши мол бо Тоҷикистон қариб 10% коҳиш ёфтааст

Гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистону Эрон дар моҳи март қариб 10% коҳиш ёфтааст.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии шуғл дар зинаҳои поёнӣ қарор гирифт. Чаро?

Дар Тоҷикистон танҳо аз се як ҳиссаи шаҳрвандони қобили меҳнат бо ҷойи корӣ таъминанд.

Дар Тоҷикистон чанд собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондааст?

Теъдоди онҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?

Арзиши рекордии алюминий. Чӣ гуна Тоҷикистон метавонад аз гаронии нарх истифода барад?

Кишвар ният дорад, ҳаҷми истеҳсол ва содироти ин металлро зиёд кунад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 73

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар се моҳи соли 2026 иқтисоди Тоҷикистон 8% рушд кардааст

Муҳаррикҳои асосӣ бахши кишоварзӣ, саноат ва сохтмон боқӣ мондаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 23 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Абдуҷаббор Азизиву Қурбоналӣ Абдулло то Рӯзи ҷаҳонии китоб ва ҳуқуқи муаллифӣ.