Боз як пояи хатти интиқоли барқи Тоҷикистон ба Афғонистон тарконида шуд

Мақомоти маҳаллии ҳукумати шимоли Афғонистон изҳор доштаанд, ки шаби гузашта дар дар вулусволии Бағлони марказии вилояти Бағлон боз як пояи хатти интиқоли барқ аз Тоҷикистгн ба Афғонистон тарконида шудааст. Ин маротибаи дуюм аст, ки ба пояи хатти интиқоли барқ аз Тоҷикистон ба Афғонистон осеб расонида мешавад. Муҳандис Ғуломҳусайн Ҳайдар, раиси барқи вилояти Бағлон рӯзи 21 […]

ASIA-Plus



Мақомоти маҳаллии ҳукумати шимоли Афғонистон изҳор доштаанд, ки шаби гузашта дар дар вулусволии Бағлони марказии вилояти Бағлон боз як пояи хатти интиқоли барқ аз Тоҷикистгн ба Афғонистон тарконида шудааст.

Ин маротибаи дуюм аст, ки ба пояи хатти интиқоли барқ аз Тоҷикистон ба Афғонистон осеб расонида мешавад.

Муҳандис Ғуломҳусайн Ҳайдар, раиси барқи вилояти Бағлон рӯзи 21 феврал ба

Радиои Озодӣ

гуфтааст, ки ин пояи барқ шаби гузашта тарконида шудааст, аммо ба замин наафтида ва ҷараёни барқ низ қатъ нашудааст.

Ёдрас мекунем, ки ахири ҳафтаи гузашта баъди аз ҷониби толибон тарконда шудани хатти интиқоли барқ аз Ӯзбекистон, шаҳри Кобул 70% бебарқ монд. Раҳбарияти ширкати энерегетикии афғонии «Брешно»

аз мақомоти Тоҷикистон дархост кард

, ки ҳаҷми интиқоли нерӯи барқ ба ин кишвар зиёдтар карда шавад.

Баъдан толибон ҳамчунин ба симчӯби хатти интиқоли барқ аз Тоҷикистон низ осеб расониданд, вале пулис дар муддати кӯтоҳ ин қаламравро таҳти назорат гирифта, интиқоли барқ барқарор шуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:
Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Сайфуллоҳи Муллоҷон: “Воқеънигорӣ “Азия-Плюс”-ро дар Тоҷикистон ва минтақа соҳиби эҳтиром кард”

Ин таърихнигори шинохтаи тоҷик гуфт, ки “шумо муваффақ шудед, акнун худро ҳифз ва ба ҷомеа хидмат кунед”.

Тағйироти кадрӣ дар чанд вазорату идораи Тоҷикистон. Кӣ аз мансаб озод шуду кӣ вазифа гирифт?

Аз ҷумла, ду сафир, як консул ва чанд раису муовин дар ниҳодҳои калидӣ нав шуданд.

Дар пасманзари ҷанг алайҳи Эрон гардиши мол бо Тоҷикистон қариб 10% коҳиш ёфтааст

Гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистону Эрон дар моҳи март қариб 10% коҳиш ёфтааст.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии шуғл дар зинаҳои поёнӣ қарор гирифт. Чаро?

Дар Тоҷикистон танҳо аз се як ҳиссаи шаҳрвандони қобили меҳнат бо ҷойи корӣ таъминанд.

Дар Тоҷикистон чанд собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондааст?

Теъдоди онҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?

Арзиши рекордии алюминий. Чӣ гуна Тоҷикистон метавонад аз гаронии нарх истифода барад?

Кишвар ният дорад, ҳаҷми истеҳсол ва содироти ин металлро зиёд кунад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 73

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар се моҳи соли 2026 иқтисоди Тоҷикистон 8% рушд кардааст

Муҳаррикҳои асосӣ бахши кишоварзӣ, саноат ва сохтмон боқӣ мондаанд.