Миллионҳои ИМА ба мубориза бо терроризм дар Тоҷикистон



Дар муддати ду сол Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҷудо кардани 50 млн. доллари ИМА ба мубориза бо терроризм дар минтақаи Осиёи Мкрказиро ба нақша гирифта, қисмати зиёди ин воситаҳо барои Тоҷикистон пешбинӣ шудааст.

«Пентагон равона кардани воситаҳо дар доираи барномаи дастгирии шарикон дар мубориза бо терроризм дар Осиёи Марказӣ барои мубориза бо толибон, созмони террористии «Давлати исломӣ» ва мусоидат ба субот дар минтақаро пешниҳод мекунад. Шарики калидӣ дар ин минтақа Тоҷикистон аст», – гуфта мешавад дар

ҳуҷҷатҳои

буҷетии дар сомонаи расмии Пентагон интишоршуда.

Қаблан Кохи Сафед

иттилоъ дода буд

, ки барнома оид ба дастгирии муқовимат ба терроризм (Counterterrorism Partnerships Fund) соли 2014 шурӯъ шуда, ба омодагиву тамрини низомиён дар кишварҳои шарик нигаронида шудааст.

Гуфта мешавад, тайи ду соли сипаришуда ҳамаи маблағгузориҳо аз рӯи барномаи мазкур ба Шарқи Наздик ва Африқо равона гардида буданд.

Дар ҳуҷҷати нав зикр мегардад, ки соли равон ба сифати кумаки ҳарбӣ ва ҳамчунин барои омодагии низомиёни кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ 20 млн. ва соли оянда 30 млн. доллари ИМА равона мегардад. Ҷудо кардани ин воситаҳо барои кишварҳои Осиёи Марказиро дар Вазорати мудофиаи ИМА бо «дастгирии шарикон дар минтақае, ки дар Афғонистон ҷанг идома дорад ва дигар фишорҳои минтақавии таҳдидкунанда ба амнияти ИМА, иттифоқчиён ва шарикони он» асоснок мекунанд.

Дар ҳамин ҳол, ИМА ба маблағгузории низомиёни тоҷик ҳатто дар ҳоле низ омода аст, ки ҳизби сиёсии асосии мухолиф – Ҳизби наҳзати исломӣ аз ҷониби ҳукуматдорон террористӣ эълон шуда, боиси нигарониии Департаменти давлатӣ шуда буд.

Қобили зикр аст, ки соли гузашта ҲНИТ созмони террористӣ ва ифротгаро эътироф гардида, моҳи сентябри соли 2015 Суди олии ҷумҳурӣ дар бораи манъи фаъолияти ҳизб қарор содир намуд ва баъди ин таъқиби аъзо ва фаъолони ҳизб оғоз гардид.

Моҳи октябри соли гузашта Департаменти давлатии ИМА

гузоришеро

интишор намуд, ки дар он ҳукуматдорони Тоҷикистон «барои саркӯб кардани мухолифони сиёсӣ ва ходимони дин бо баҳонаи мубориза бо тундгароён» мавриди интиқод қарор гирифтанд.

spot_imgspot_img

Популярное