Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, обуҳаво



Анонс



– Дар Театри давлатии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ бахшида ба 23-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ бо иштироки сарбозону афсарони артиши миллии Тоҷикистон, роҳбарони сохторҳои қудратии кишвар ҷамъомади ботантана ва консерти устодони санъат баргузор мешавад.



Қ


урби




асъор



Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:


1

доллари ИМА – 

7.8697

сомонӣ;


1

евро –

8.6795

сомонӣ;


1

рубли русӣ

– 0.1015

сомонӣ.  



Як р


ӯ


зи таърих

Рӯзи Артиши миллии Тоҷикистон


1925

– Дар Душанбе нахустин беморхонаи ҷумҳуриявӣ кушода шуд.


1942

– Яке аз корхонаҳои бузургтарини соҳаи саноати сабуки Тоҷикистон – Комбинати бофандагии шаҳри Душанбе (феълан ҶС «Тоҷиктекстил») ба истифода дода шуд.


1965

– Навбати аввали корхонаи истеҳсоли яхдони шаҳри Душанбе мавриди истифода қарор гирифт.


1993

— Дар шаҳри Душанбе нахустин гузашти низомии ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон доир гардид.


2010

– Маҷмаи кулли СММ дар бораи ба ҷашни Наврӯз додани мақоми Иди байнулмилалӣ қарор қабул кард.


1928

– Зодрӯзи доктори улуми тиббӣ, профессор Исроил Холматов.


1931

– Мавлуди ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон Шароф Маҳмудов.


1932

– Зодрӯзи доктор улуми таърих, Арбоби шоистаи илми ҶТ профессор Ҳомид Аҳмадов.


1937

– Мавлуди нависанда Яъқуби Ҳикматулло.


1938

– Зодрӯзи олими забоншинос Амон Нуров.


1947

– Мавлуди нависанда, доктори улуми филология, профессор Назарбек Абдулов.


1949

– Зодрӯзи Арбоби шоистаи Тоҷикистон Абдумуслим Темуров.


1963

– Мавлуди сароянда, Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон Лола Азизова.



Вазъи обуҳаво


Дар вилояти Суғд

— Обуҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳои доманакӯҳ баъзан каме боришот (борон, барф).

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +1+6, рӯзона +11+16, дар доманакӯҳҳо шабона -3-8, рӯзона +4+9.


Дар вилояти Хатлон

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +2+7, рӯзона +16+21, дар доманакӯҳҳо шабона -4+1, рӯзона +12+17.


Дар Вилояти Мухтори К


ӯ


ҳистони Бадахшон

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.  

Ҳарорат: дар ғарб шабона -4-9, рӯзона +2+7; дар шарқ шабона -18-23, рӯзона -2-7.


Дар Ноҳияҳои тобеи марказ

  — Обуҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳои доманакӯҳ баъзан каме боришот (борон, барф).

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +1+6, рӯзона +15+20, дар доманакӯҳҳо шабона 0-5, рӯзона +6+11. 


Дар шаҳри Душанбе

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +3+5, рӯзона +18+20.


Дар шаҳри Ху


ҷ


анд

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.   

Ҳарорат: шабона +2+4, рӯзона+13+15.


Дар шаҳри Қ


ӯ


рғонтеппа

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +4+6, рӯзона +20+22.


Дар шаҳри Хоруғ

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона -4-6, рӯзона +5+7.

spot_imgspot_img

Популярное