Шабнам Худойдодова аз Беларус истирдод намешавад

Ҳукуматдорони Беларус яке аз фаъолони «Гурӯҳи 24» Шабнам Худойдодоваро раҳо карданд. Дар ин бора бо истинод ба мухолифони тоҷики муқими хориҷи кишвар васоаити ахбори умум иттилоъ доданд. Шабнам Худойдодова рӯзи 22 феврал баъди ҳабси ҳаштмоҳа озод карда шуд. Мақомоти суди Беларус дар бораи истирдод нашудани ӯ ба Тоҷикистон қарор қабул намуда, бо ин амал мақоми […]

ASIA-Plus



Ҳукуматдорони Беларус яке аз фаъолони «Гурӯҳи 24» Шабнам Худойдодоваро раҳо карданд. Дар ин бора бо истинод ба мухолифони тоҷики муқими хориҷи кишвар васоаити ахбори умум иттилоъ доданд.

Шабнам Худойдодова рӯзи 22 феврал баъди ҳабси ҳаштмоҳа озод карда шуд. Мақомоти суди Беларус дар бораи истирдод нашудани ӯ ба Тоҷикистон қарор қабул намуда, бо ин амал мақоми расмии ӯ ҳамчун гурезаи сиёсиро тасдиқ карданд.

Зимни дар тавқифгоҳ қарор доштан, Шабнам Худойдодова дар бораи ба ӯ додани мақоми паноҳандаи сиёсӣ муроҷиат карда буд. Айни замон дар бораи макони ҳузури яке аз фаъолони созмони фаъолияташ дар Тоҷикистон манъшудаи «Гурӯҳи 24» ба хотири таъмини амнияти ӯ маълумот дода намешавад.

Ёдрас мекунем, ки ҳафтаи гузашта дар сомонаи арзномаҳои ҷамъиятии Avaaz.org зери 

арзнома-муроҷиат

 ба унвони президенти Беларус Александр Лукашенко дар

мавриди манъи истирдоди Шабнам Худойдодова

ба Тоҷикистон ҷамъоварии имзоҳо шурӯъ шуда буд.

Дар арзнома (петитсия) қайд шуда буд, ки Шабнам Худойдодова «ҷинояткор нест». «Ӯ ҳеҷ ҷинояте содир накардааст. Танҳо дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук фаъолият намуда, ҳуқуқҳои қонунии ҷомеаи демократиро талаб кард.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 15 июни соли 2015 зимни убури марзи Русия ва Беларус шаҳрванди Тоҷикистон Шабнам Худойдодова

 ба ҳабс гирифта шуд

, зеро он замон барои фаъолияти ифротгароӣ дар қаламрави Тоҷикистон мавриди пайгард қарор дошт. Дар ин бора дар 

блоги Надежда Атоева

, президенти Иттиҳодияи «Ҳуқуқи инсон дар Осиёи Марказӣ» хабар дода шуда буд.

Зикр гардида буд, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ ӯ фаъолона аз афкори интиқодии мухолифини ҳукумати Тоҷикистон ҷонибдорӣ намуда, зарурати ислоҳоти демократӣ дар ватанашро таъкид месохт. Мувофиқи имкон Худойдодова дар аксияҳои гуманитарӣ ба хотири дастгирии муҳоҷирони кории тоҷик низ иштирок мекард.

Тайи солҳои ахир Шабнам Худойдодова дар Русия иқомат дошт. Ӯ пас аз истирдоди Мақсуд Иброҳим, пешво ва муассиси созмони «Ҷавонони Тоҷикистон барои эҳёи Тоҷикистон», узви роҳбарияти нерӯҳои мухолифини «Тоҷикистони нав», ки «Гурӯҳи 24» низ ба он шомил аст, мавриди ҷустуҷӯ эълон шуд. М.Иброҳимов рӯзи 20 январ дар Маскав бедарак шуда, баъдан маълум шуд, ки ӯ дар Тоҷикистон аст.

Баъди гузашти чанд рӯз аз боздошти Ш,Худойдодова, ташкилоти

 Иттиҳодияи ҳуқуқи инсон дар Осиёи Марказӣ»

 – AHRCA дар робита ба таҳдиди истирдоди ӯ ба Тоҷикистон нигаронӣ изҳор карда, қайд кард ки барои ибрози назари ошкори андешаи худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ, дар Тоҷикистон ба ӯ шиканҷа ва маҳрумият аз озодӣ ба муҳлати 20 сол таҳдид мекунад.

Тобистони соли гузашта Иттиҳоди Аврупо низ 

бо дархости истирдод нашудани

яке аз фаъолони «Гурӯҳи 24» Шабнам Худойдодова муроҷиат намуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Боздошти як хушдоман бо гумони ба марг расонидани келинаш

ВКД мегӯяд, келини ҷавон ба ҷабру зулми хушдоманаш тоб наоварда, худро ба дарёи “Зарафшон” партофта, ҷон бохтааст.

Парвоз миёни Машҳад ва Душанбе бекор шудааст

Қарор буд пас аз ҷанг дар Ҷумҳурии Исломӣ, 24-уми апрел парвоз байни Эрону Тоҷикистон барқарор шавад,

Дар радабандии ҷаҳонии интернети ноқилӣ Тоҷикистон чаҳор зина боло рафт

Ин нишондиҳандаи беҳтарини кишвар тайи панҷ соли ахир аст.

“Монеи издивоҷ бо дӯстдухтарам шуданд”. Нигаронии Омбудсмен аз табъиз дар ҷомеа

Ҳамчунин, ин ниҳод аз табъиз дар зиндону маҳал ҳам гузориш додааст.

Се бонки Тоҷикистон аз рӯйхати таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо хориҷ шуд

Бонки миллии Тоҷикистон гуфт, ки “Спитамен Бонк”, “Душанбе Сити Бонк” ва “Коммерсбонки Тоҷикистон” чӣ гуна аз рӯйхати таҳрим берун шуданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 74

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Содироти барқ аз Тоҷикистон тариқи лоиҳаи “CASA-1000” тобистони соли оянда оғоз мешавад

Корҳои сохтмонии ин тарҳ дар Афғонистон то баҳори соли оянда ба анҷом мерасад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 апрели соли 2026

Имрӯз дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон бахшида ба 85-солагии Меҳмон Бахтӣ, Нависандаи халқии Тоҷикистон филми мустанад намоиш дода мешавад.

Сайфуллоҳи Муллоҷон: “Воқеънигорӣ “Азия-Плюс”-ро дар Тоҷикистон ва минтақа соҳиби эҳтиром кард”

Ин таърихнигори шинохтаи тоҷик гуфт, ки “шумо муваффақ шудед, акнун худро ҳифз ва ба ҷомеа хидмат кунед”.