Сохтмони аквапарк дар паҳлӯи бозори «Султони Кабир»

Дар кӯчаи Соҳилии пойтахт, паҳлӯи бозори «Султони Кабир» аквапарки болояш пӯшида сохта мешавад. Тавре аз Иттифоқи меъморони Тоҷикистон ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, лоиҳаи маҷмааи аквапарк аз ҷониби ширкати лоиҳакашии «Архпроект» таҳия гардида, сармеъмор Баҳром Юсуфов ва фармоишгар – соҳибкор Авазхон Кабиров мебошанд. Дар озмуни эълоншуда оид ба интихоби лоиҳаи беҳтарини маҷмаа 12 […]

ASIA-Plus



Дар кӯчаи Соҳилии пойтахт, паҳлӯи бозори «Султони Кабир» аквапарки болояш пӯшида сохта мешавад.

Тавре аз Иттифоқи меъморони Тоҷикистон ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, лоиҳаи маҷмааи аквапарк аз ҷониби ширкати лоиҳакашии «Архпроект» таҳия гардида, сармеъмор Баҳром Юсуфов ва фармоишгар – соҳибкор Авазхон Кабиров мебошанд.

Дар озмуни эълоншуда оид ба интихоби лоиҳаи беҳтарини маҷмаа 12 корхонаи лоиҳакашӣ ширкат варзида, ҳакамони озмун тариқи овоздиҳии пинҳонӣ лоиҳаи «Архпроект»-ро беҳтарин эътироф намуданд. Ҳамаи иштирокчиён ҳар кадоме бо мукофотпулӣ дар ҳаҷми 1 ҳазор сомонӣ ва ғолиби озмун бо мукофопулӣ дар ҳаҷми 40 ҳазор сомонӣ қадрдонӣ шуда, ба таҳияи асноди кории лоиҳаи аквапарк ҳуқуқ пайдо кард.

Мувофиқи қарори раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев, ба Авазхон Кабиров барои лоиҳакашӣ ва сохтмони бинои истеҳсолӣ бо 500 ҷойи корӣ (корхонаи дӯзандагӣ) ва бунёди аквапарк қитъаи замин ҷудо карда шуд.

Гуфта мешавад маҷмааи нави аквапарк бо риояи тобишу анъанаҳои миллии шарқӣ бунёд гардида, ба талабот ва меъёрҳои муосир ҷавобгӯ хоҳад буд.



Тарҳ (эскиз)-и аквапарки оянда

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Боздошти як хушдоман бо гумони ба марг расонидани келинаш

ВКД мегӯяд, келини ҷавон ба ҷабру зулми хушдоманаш тоб наоварда, худро ба дарёи “Зарафшон” партофта, ҷон бохтааст.

Парвоз миёни Машҳад ва Душанбе бекор шудааст

Қарор буд пас аз ҷанг дар Ҷумҳурии Исломӣ, 24-уми апрел парвоз байни Эрону Тоҷикистон барқарор шавад,

Дар радабандии ҷаҳонии интернети ноқилӣ Тоҷикистон чаҳор зина боло рафт

Ин нишондиҳандаи беҳтарини кишвар тайи панҷ соли ахир аст.

“Монеи издивоҷ бо дӯстдухтарам шуданд”. Нигаронии Омбудсмен аз табъиз дар ҷомеа

Ҳамчунин, ин ниҳод аз табъиз дар зиндону маҳал ҳам гузориш додааст.

Се бонки Тоҷикистон аз рӯйхати таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо хориҷ шуд

Бонки миллии Тоҷикистон гуфт, ки “Спитамен Бонк”, “Душанбе Сити Бонк” ва “Коммерсбонки Тоҷикистон” чӣ гуна аз рӯйхати таҳрим берун шуданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 74

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Содироти барқ аз Тоҷикистон тариқи лоиҳаи “CASA-1000” тобистони соли оянда оғоз мешавад

Корҳои сохтмонии ин тарҳ дар Афғонистон то баҳори соли оянда ба анҷом мерасад.