Таъини роҳбарони нави фурудгоҳҳои байнулмилалӣ

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи роҳбарии фурудгоҳҳои байналмилалии Хуҷанду Қӯрғонтеппа ва сохтори Хадамоти назорати давлатии фармасевтии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ тағйироти кадрӣ ворид намуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат,  бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмудзода Маъруф аз вазифаи Директори генералии […]

ASIA-Plus



Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи роҳбарии фурудгоҳҳои байналмилалии Хуҷанду Қӯрғонтеппа ва сохтори Хадамоти назорати давлатии фармасевтии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ тағйироти кадрӣ ворид намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат,  бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмудзода Маъруф аз вазифаи Директори генералии Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд” озод ва ба вазифаи Директори генералии Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Фурудгоҳи байналмилалии Қӯрғонтеппа” таъин карда шуд.

Қурбони Алимардон Директори генералии Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд” таъин гардида, Леонов Михаил Константинович аз вазифаи Директори генералии Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Фурудгоҳи байналмилалии Қӯрғонтеппа” озод карда шуд.

Бо қарорҳои дигари ҳукумати мамлакат Холназаров Баҳодур Маҳмадназарович бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи Сардори Хадамоти назорати давлатии фармасевтии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ озод гардида, ба ҷойи ӯ Бекмуродзода Султон Бегмурод сардори ин хадамот таъин гардид.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Боздошти як хушдоман бо гумони ба марг расонидани келинаш

ВКД мегӯяд, келини ҷавон ба ҷабру зулми хушдоманаш тоб наоварда, худро ба дарёи “Зарафшон” партофта, ҷон бохтааст.

Парвоз миёни Машҳад ва Душанбе бекор шудааст

Қарор буд пас аз ҷанг дар Ҷумҳурии Исломӣ, 24-уми апрел парвоз байни Эрону Тоҷикистон барқарор шавад,

Дар радабандии ҷаҳонии интернети ноқилӣ Тоҷикистон чаҳор зина боло рафт

Ин нишондиҳандаи беҳтарини кишвар тайи панҷ соли ахир аст.

“Монеи издивоҷ бо дӯстдухтарам шуданд”. Нигаронии Омбудсмен аз табъиз дар ҷомеа

Ҳамчунин, ин ниҳод аз табъиз дар зиндону маҳал ҳам гузориш додааст.

Се бонки Тоҷикистон аз рӯйхати таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо хориҷ шуд

Бонки миллии Тоҷикистон гуфт, ки “Спитамен Бонк”, “Душанбе Сити Бонк” ва “Коммерсбонки Тоҷикистон” чӣ гуна аз рӯйхати таҳрим берун шуданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 74

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Содироти барқ аз Тоҷикистон тариқи лоиҳаи “CASA-1000” тобистони соли оянда оғоз мешавад

Корҳои сохтмонии ин тарҳ дар Афғонистон то баҳори соли оянда ба анҷом мерасад.