КДАМ: Кормандони милитсия дар нашъаҷаллобӣ дар Шӯрообод даст надоранд

Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон изҳор мекунад, ки кормандони шуъбаи мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовари ВКД Тоҷикистон дар интиқоли 56 кило маводи мухаддир, ки ҳафтаи гузашта дар наздикии марзи Тоҷикистону Афғонистон мусодира шуд, даст надоранд. Котиби матбуотии Саараёсати Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон Муҳаммад Улуғхоҷаев ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки ахири ҳафтаи […]



Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон изҳор мекунад, ки кормандони шуъбаи мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовари ВКД Тоҷикистон дар интиқоли 56 кило маводи мухаддир, ки ҳафтаи гузашта дар наздикии марзи Тоҷикистону Афғонистон мусодира шуд, даст надоранд.

Котиби матбуотии Саараёсати Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон Муҳаммад Улуғхоҷаев ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки ахири ҳафтаи гузашта зимни амалиёти махсус дар мавзеи Хирманҷои ноҳияи Шӯрообод марзбонон дар ҳамдастӣ бо кормандони ВКД миқдори ниҳоят зиёди маводи мухаддирро мусодира намуданд.

Ба иттилои манбаъ, зимни ин амалиёт чор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ва як нафар шаҳрванди Афғонистон боздошт ва аз онҳо ду адад таппончаи Макаров бо 32 дона тир, 8 адад телефони ҳамроҳ (мобилӣ) ва 56,5 кило маводи мухаддир дарёфт ва мусодира шудааст.

«Миёни ин афроди боздоштшуда кормандони ВКД Тоҷикистон ҳузур надоранд», – таъкид дошт М.Улуғхоҷаев.

Ёдрас мекунем, ки қаблан Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон маълумоти рӯзи 22 феврал дар чанде аз ВАО интишоршуда

дар бораи боздошти чор нафар

кормандони шуъбаи мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовари Раёсати ВКД Тоҷикистон дар вилояти Хатлонро ба гумони нашъаҷаллобӣ рад кард.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Сайфулло Сафаров: “Азия-Плюс” писари эркаи Тоҷикистон аст”

Ин сиёсатшинос ва яке аз ғояпардозони пешини ҳукумати кишвар мегӯяд, “воқеънигорӣ сабаби назари неки ҳукумат ба ин расона аст”.

Вазорати энергетика: Тоҷикистон ба сафи кишварҳои пешсафи истеҳсоли энергияи “сабз” шомил аст

Ҳудуди 95%-и нерӯи барқ дар кишвар дар нерӯгоҳҳои барқи обӣ истеҳсол мешавад.

Баъди гузориши “Азия-Плюс” духтарчаи дусолаи шоҳномахонро қадрдонӣ кардаанд

Раёсати маорифи вилояти Суғд ба суроғи ин кӯдаки шоҳномахон рафтааст.

Нархи гузариши Рустам Ятимов то 2 млн евро гарон шуд

Ин беҳтарин нишондиҳанда миёни футболбозони дастаи футболи Тоҷикистон аст.

Ҷашнвораи оилавӣ. “Салом, тобистон!” чӣ гуна гузашт?

Ин ҷашнвораи анъанавӣ аз чорабиниҳои дӯстдоштаи сокинон аст, ки ҳар сол интизор мешаванд.

Боздошти як ҷавони афғонистонӣ бо гумони куштори падараш дар шаҳри Ваҳдат

Нисбати ӯ бо моддаи "одамкушӣ" парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.

“Wildberries” тиҷорати электрониро дар Тоҷикистон рушд медиҳад. Зиёда аз 100 соҳибкор дар бораи имкониятҳои нави содиротӣ барои тиҷорат маълумот гирифтанд

Соҳибкорон бо тарзи кори маркетплейс, воситаҳои пешбурди маҳсулот ва имкониятҳои рушди тиҷорат шинос шуданд.

Чаро рақобати Асрор Воҳидов бекор шуд?

Сабаби бекор шудани қувваозмоӣ дарёфти допинг дар ҷисми варзишгари Куба мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 6

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.