Тоҷикистон дар зинаҳои охир аз лиҳози суръати дастрасӣ ба интернет



Аз лиҳози суръати дастрасӣ ба шабакаи интернет миёни кишварҳои ҷаҳон Тоҷикистон дар зинаҳои охир қарор дорад. Дар ин бора


БЕЛТА


бо такя ба гузориши таҳлилии ширкати канадагии SecDev Corp хабар медиҳад.

Қайд мешавад, ки сатҳи суръати дастрасӣ ба шабака дар Тоҷикистон барои муштариён 1 Мбит/сония (Babilon-T)-ро ташкил медиҳад.

Ба сегонаи кишварҳои суръати беҳтарини дастрасӣ ба шабакаи интернет бо 1 Гбит/сония Беларус, ИМА ва Шветсия шомиланд. Канда бо суръати 940 Мбит/сония зинаи чорумро ишғол мекунад.

Таҳлилгарон зикр мекунанд, ки дар аксари кишварҳо ба муштариён суръати дастрасии маъмулии 100 Мбит/сония пешниҳод мешавад. Ҳудуди суръати дастрасӣ дар Аврупо дар сатҳи 600 Мбит/сония (Полша) қарор дорад. Дар Литва ва Испания суръати дастрасӣ ба 300 Мбит/сония, Олмон ва Латвия – 400 Мбит/сония баробар аст.

Ба шумори кишварҳое, ки дар зинаи охир қарор доранд, дар баробари Тоҷикистон Арманистон – 40 Мбит/сония, Словения – 15 Мбит/сония ва Туркманистон – 0,5 Мбит/сония дохил мешаванд.

Суръати аз ҳама бештар миёни кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ дар Қирғизистон зикр гардидааст, ки 160 Мбит/сонияро ташкил медиҳад. Дар Қазоқистон суръати дастрасӣ ба шабака ба 120 Мбит/сония, Ӯзбекистон – 1 Мбит/сония баробар аст. Ҳудуди суръати дастрасӣ ба интернет дар Русия дар сатҳи 150 Мбит/сония қарор дорад.

spot_imgspot_img

Популярное