Тоҷикистон дар зинаҳои охир аз лиҳози суръати дастрасӣ ба интернет

Аз лиҳози суръати дастрасӣ ба шабакаи интернет миёни кишварҳои ҷаҳон Тоҷикистон дар зинаҳои охир қарор дорад. Дар ин бора БЕЛТА бо такя ба гузориши таҳлилии ширкати канадагии SecDev Corp хабар медиҳад. Қайд мешавад, ки сатҳи суръати дастрасӣ ба шабака дар Тоҷикистон барои муштариён 1 Мбит/сония (Babilon-T)-ро ташкил медиҳад. Ба сегонаи кишварҳои суръати беҳтарини дастрасӣ ба […]

ASIA-Plus



Аз лиҳози суръати дастрасӣ ба шабакаи интернет миёни кишварҳои ҷаҳон Тоҷикистон дар зинаҳои охир қарор дорад. Дар ин бора


БЕЛТА


бо такя ба гузориши таҳлилии ширкати канадагии SecDev Corp хабар медиҳад.

Қайд мешавад, ки сатҳи суръати дастрасӣ ба шабака дар Тоҷикистон барои муштариён 1 Мбит/сония (Babilon-T)-ро ташкил медиҳад.

Ба сегонаи кишварҳои суръати беҳтарини дастрасӣ ба шабакаи интернет бо 1 Гбит/сония Беларус, ИМА ва Шветсия шомиланд. Канда бо суръати 940 Мбит/сония зинаи чорумро ишғол мекунад.

Таҳлилгарон зикр мекунанд, ки дар аксари кишварҳо ба муштариён суръати дастрасии маъмулии 100 Мбит/сония пешниҳод мешавад. Ҳудуди суръати дастрасӣ дар Аврупо дар сатҳи 600 Мбит/сония (Полша) қарор дорад. Дар Литва ва Испания суръати дастрасӣ ба 300 Мбит/сония, Олмон ва Латвия – 400 Мбит/сония баробар аст.

Ба шумори кишварҳое, ки дар зинаи охир қарор доранд, дар баробари Тоҷикистон Арманистон – 40 Мбит/сония, Словения – 15 Мбит/сония ва Туркманистон – 0,5 Мбит/сония дохил мешаванд.

Суръати аз ҳама бештар миёни кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ дар Қирғизистон зикр гардидааст, ки 160 Мбит/сонияро ташкил медиҳад. Дар Қазоқистон суръати дастрасӣ ба шабака ба 120 Мбит/сония, Ӯзбекистон – 1 Мбит/сония баробар аст. Ҳудуди суръати дастрасӣ ба интернет дар Русия дар сатҳи 150 Мбит/сония қарор дорад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 25 апрели соли 2026

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ Соли 1992 – Дар маркази Душанбе дар майдонҳои “Озодӣ” ва “Шаҳидон” гирдиҳамоиҳои худҷӯш баргузор шуданд. Соли 1996 – Аввалини шумораи ҳафтаномаи хусусии “Чархи...

Боздошти як хушдоман бо гумони ба марг расонидани келинаш

ВКД мегӯяд, келини ҷавон ба ҷабру зулми хушдоманаш тоб наоварда, худро ба дарёи “Зарафшон” партофта, ҷон бохтааст.

Парвоз миёни Машҳад ва Душанбе бекор шудааст

Қарор буд пас аз ҷанг дар Ҷумҳурии Исломӣ, 24-уми апрел парвоз байни Эрону Тоҷикистон барқарор шавад,

Дар радабандии ҷаҳонии интернети ноқилӣ Тоҷикистон чаҳор зина боло рафт

Ин нишондиҳандаи беҳтарини кишвар тайи панҷ соли ахир аст.

“Монеи издивоҷ бо дӯстдухтарам шуданд”. Нигаронии Омбудсмен аз табъиз дар ҷомеа

Ҳамчунин, ин ниҳод аз табъиз дар зиндону маҳал ҳам гузориш додааст.

Се бонки Тоҷикистон аз рӯйхати таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо хориҷ шуд

Бонки миллии Тоҷикистон гуфт, ки “Спитамен Бонк”, “Душанбе Сити Бонк” ва “Коммерсбонки Тоҷикистон” чӣ гуна аз рӯйхати таҳрим берун шуданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 74

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.