Рӯзи 24 феврали соли 2016 вохӯрии Муовини якуми вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Юе Бин баргузор шуд.
Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар рафти суҳбат масъалаҳои тавсеа ва таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистону Чин дар арсаҳои мухталиф баррасӣ шуданд.
Гуфта мешавад, роҷеъ ба густариши ҳамкории амалӣ дар сатҳҳои дуҷониба ва бисёрҷониба дар соҳаи мубориза бар зидди чолишҳои аслии амнияти минтақавӣ табодули назар сурат гирифт.





