Иштироки С.Аслов дар чорабинӣ бахшида ба 50-солагии БРСММ

Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов рӯзи 24 феврали соли 2016 дар чорабинии сатҳи вазирон бахшида ба 50-солагии Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид (БРСММ), ки дар бинои СММ дар шаҳри Ню-Йорк баргузор гардид, ширкат ва суханронӣ намуд. Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, зимни чорабинии мазкур меҳмонони олимақоми кишварҳои аъзо диди худро оид […]

ASIA-Plus



Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов рӯзи 24 феврали соли 2016 дар чорабинии сатҳи вазирон бахшида ба 50-солагии Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид (БРСММ), ки дар бинои СММ дар шаҳри Ню-Йорк баргузор гардид, ширкат ва суханронӣ намуд.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, зимни чорабинии мазкур меҳмонони олимақоми кишварҳои аъзо диди худро оид ба фаъолияти самараноки БРСММ дар даҳсолаҳои оянда ҷиҳати мусоидати бештар ба талошҳои кишварҳои аъзо барои расидан ба Ҳадафҳои Рушди Устувор иброз намуданд.

Гуфта мешавад, илова бар ин, Вазири корҳои хориҷӣ, ки ҷиҳати суханронӣ дар мубоҳисаҳои тематикӣ таҳти унвони “Мудирияти хавф, зарфиятсозӣ ҷиҳати муқовимат ба офатҳо” даъват шуда буд, дар бораи зарурати таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ дар самти пешгирӣ ва рафъи офатҳои табиӣ, ба вижа офатҳои марбут ба об ибрози назар кард.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Ҷазои 20 сарбоз барои фирор аз қисми низомӣ. Арзёбии шароити сарбозон ва будубоши онҳо дар қисмҳои низомӣ аз сӯйи Омбудсмен

Ҳамчунин, 10 корманди комиссариатҳои ҳарбӣ барои дағалона рафтор кардан ва иҷро накардани вазифаҳои хидматӣ муҷозот шудаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Далер Лоҳутӣ ва Абдулфаттоҳ Ҳотамов, бунёдгузори литсейи "Ҳотам ПВ" то рӯзи ҷаҳонии моликияти зеҳнӣ.

Эроние мехоҳад муаррифи Тоҷикистон бошад. Ӯ кист ва чӣ бардошт аз кишвари мо дорад?

Ӯ тафовути фарҳангӣ миёни эрониён ва тоҷикистониёнро дар чӣ мебинад ва барои ҳунармандони тоҷик чӣ пешниҳод дорад?

Дар либоси нозирони милитсияи Душанбе дурбинҳои назоратӣ насб мекунанд

Қаблан ба нозирони роҳ ин дастгоҳ дода шуда буд, аммо то куҷо истифода шуд, номаълум аст.

Оҷонсии зиддифасод мудир ва сармуҳосиби Маркази саломатии №2 дар Кӯлобро ба тасарруфи беш аз 233 ҳазор сомонӣ пули беҷет айбдор мекунад

Гумонбари асосии ин қазия роҳбари як корхона аст, ки марказҳои тиббиро бо таҷҳизоту лавозимот таъмин мекард.

Маҳдудиятҳои аврупоӣ нисбат ба ҶСК “Коммерсбонки Тоҷикистон” бекор карда шуданд

Маҳдудиятҳои аврупоӣ, ки қаблан нисбат ба ҶСК "Коммерсбонк Тоҷикистон" амал мекарданд, расман бекор гардиданд.

Тоҷикистони рақамӣ: аз онлайн-хадамот то иқтисоди нав

Равандҳое, ки қаблан чандин бор ҳузури шахсиро талаб мекарданд, акнун фосилавӣ иҷро мешаванд, ки хароҷотро ба таври назаррас кам мекунанд.